Ҳушдори ҳавошиносон аз бориши шадиди барф

Рӯзи 22 январ дар шаҳри Душанбе, атрофи он ва аксари шаҳру ноҳияҳои кишвар бориши барфи шадид дар назар аст. Дар ин бора Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон хабар дод.

Ба иттилои манбаъ, дар роҳҳои кӯҳӣ ва ағбаҳо эҳтимоли бориши зиёд, фаромадани тарма, яхбандӣ, ҷамъшавии барф ва коҳиши сатҳи биниш вуҷуд дорад, ки метавонад ҳаракати нақлиётро мушкил созад.

Дар Душанбе шамол аз самти ғарб бо суръати 2–7 м/с, дар баъзе ҳолатҳо то 12 м/с мевазад. Ҳарорати ҳаво шабона 1–3 дараҷа хунук ва рӯзона 0 то +2 дараҷа гарм пешбинӣ мешавад.

Дар вилояти Суғд, Хатлон, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва ВМКБ низ бориши барф, дар ноҳияҳои кӯҳӣ бошиддат ва бо хатари тарма дар назар аст. Шамол дар баъзе минтақаҳо то 15–22 м/с қавӣ шуда, ҳарорат дар водиҳо аз +12 то −2 дараҷа ва дар ноҳияҳои кӯҳӣ то −16 дараҷа паст мешавад.

Ба шаҳрвандон ва ронандагоне, ки нияти сафар тариқи роҳҳои кӯҳиро доранд, тавсия дода мешавад, ки сафарро ба рӯзҳои мусоидтар мавқуф гузошта, пеш аз ҳаракат вазъи роҳ ва пешгӯии ҳаворо санҷанд ва қоидаҳои бехатариро қатъӣ риоя намоянд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *