Ғофилобод бозори пиёзро танзим мекунад?

Даҳ соли охир сокинони деҳаи Ғофилобод, ки дар панҷкилометрии ноҳияи Муъминобод воқеъ аст, ба парвариши пиёз машғуланд. Маҳз онҳоянд, ки ин қадар сол нархи пиёз дар бозори ноҳия аз 2-3 сомонӣ боло намеравад.

Мирзо Зуҳуров, Талбак Мирзоалиев, Ғоиб Зоҳиров, Раҳматшо Давлатшоев, Назар Зуҳуров, Ҳанифамо Ғуломова, Анварбӣ Шарифова, Худойназар Гадоев, Ширинмо Алиева пешқадамони пиёзпарварӣ ҳастанд. Як худи апаи Ҳарамгул Сатторова аз 50 сотих заминаш то 40 тонна пиёз мегирад. Пиёзҳои калон-калони ӯ зуд талабгор меёбанд. Дар Муъминободу Кӯлоб аслан пиёзи мавзеи Чаргӣ шуҳрат дошт. Аз ҷиҳати маззаю лаззат, ширинӣ, муддати дароз истоданаш ҳамто надорад. Махсусан, таоми миллии шакароб бо ин навъи пиёз хеле болаззат мешавад. Деҳқонон онро даста карда, дар ҳавоза мегиранд ва он то моҳҳои апрелу май нигоҳ дошта мешавад.

Деҳқононе ҳастанд, ки соле фақат аз парвариши пиёз то 150-200 ҳазор сомонӣ даромади соф мегиранд. Агар даҳ сол пеш дар Ғофилобод ҳамагӣ се нафар ба пиёзкорӣ шуғл меварзиданд, имрӯз сафи онҳо ба 80 нафар, дар ноҳия ба 240 нафар расидааст. Соле ба бозорҳои наздику дур деҳқонон то 2 ҳазор тонна пиёз мебароранд.

Н. ҲАСАН, ноҳияи Муъминобод

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.