Ҷ. Балхӣ: Беш аз 12 миллион сомонӣ бақияи қарз ва қарзи мушкилситони андоз (аудио)

Бақияи қарзи андоз дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ беш аз 8 миллиону 188 ҳазор сомонӣ аст. Дар баробари ин, наздики 4 миллиону 600 ҳазор сомонӣ қарзи мушкилситони андоз мавҷуд аст, ки рӯёнидани он номумкин будааст.

Аз нозироти андози ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ба Pressa.tj гуфтанд, ки бақияи қарзи андоз асосан аз солҳои 2014 омада истодааст. Гуфта шуд, ки ба аввали сол бақияи қарз 8 миллиону 279 ҳазору 400 сомонӣ буд. Бо тадбирандешии нозироти андоз қарз дар чор моҳи соли ҷорӣ андаке кам карда шуд. Рӯёнидани бақияи қарз имкон дорад ва он марҳила ба марҳила сурат мегирад.

Вале масъулини Нозироти андоз дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ аз пешниҳоди рӯйхати корхонаву хоҷагиҳои қарздор худдорӣ карданд.

Мушкили дигар — ин зиёд будани қарзи мушкилситони андоз аст. Бино ба маълумоти пешниҳодшуда, феълан дар ин ноҳия қарзи мушкилситони андоз кам не, 4 миллиону 594 ҳазору 800 сомонӣ аст.

Мутаассифона, рӯёнидани ин қарз ғайри имкон аст. Пайдо кардани роҳбарони ҷамъиятҳое, ки дар ин рӯйхат шомиланд, номумкин будааст.

Машраби АЛОВИДДИН

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.