Ҳалокати 91 нафар дар кӯлу дарёҳои Тоҷикистон

Дар нимсолаи якуми соли 2025 дар кӯлу дарёҳои Тоҷикистон 89 ҳодисаи ғарқшавӣ ба қайд гирифта шудааст. Дар натиҷаи ин ҳодисаҳо 91 нафар ҷони худро аз даст додаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта (86 нафар) афзоиш нишон медиҳад. Аз ин 11 нафар бо роҳи худкушӣ худро ба об партофтаанд.

Раҷабалӣ Раҳмоналӣ, раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ 4 август иттилоъ дод, ки сабабҳои аслии ғарқшавӣ ба риоя накардани қоидаҳои шиноварӣ, беэҳтиётӣ, беназоратии волидон, садамаҳои нақлиётӣ, ҳолати мастӣ ва худкушӣ марбутанд.

Аз 91 нафар ғарқшуда 22 нафар зан (24%) ва 69 нафар мард (76%) будаанд.

Ҳодисаҳо аз рӯйи минтақаҳо чунин аст:
– Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – 14 нафар;
– Вилояти Хатлон – 41 нафар;
– Вилояти Суғд – 17 нафар;
– Ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – 12 нафар;
– Шаҳри Душанбе – 7 нафар.

Ғарқшудагон аз рӯйи синну сол:
– то 4-сола — 10 нафар;
– аз 5 то 10-сола — 18 нафар;
– аз 11 то 16-сола — 17 нафар;
– аз 17 то 35-сола — 30 нафар;
– аз 35-сола боло — 16 нафар.

Мақомоти КҲФ иттилоъ доданд, ки ҳамчунин дар давоми соли равон 20 нафар аз ғарқшавӣ наҷот дода шудаанд.

Раиси Кумита таъкид намуд, ки бо назардошти афзоиши чунин ҳолатҳо, аҳолӣ бояд дар мавзеъҳои расмӣ истироҳат ва қоидаҳои оббозиро риоя намоянд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *