6 қонуншиканӣ дар 6 моҳ
Дар шаш моҳи соли ҷорӣ дар ноҳияи Носири Хусрав шаш ҳолати риоя накардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” сабт шудааст.
Ҳокимхон Набизода, муовини аввали раиси ноҳияи Носири Хусрав афзуд, ки қонуншиканӣ дар шаш моҳи соли 2025 назар ба ҳамин давраи соли гузашта 3 ҳолат зиёд мебошад. Ба гуфтаи ӯ дар шаш моҳи соли равон, шаш ҳолати риоя накардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба қайд гирифта шуд. Ба таъкиди вай ҷаримаи умумӣ 42 ҳазор сомониро ташкил мекунад.
“Давоми соли ҷорӣ дар ноҳияи Носири Хусрав дар маҷмӯъ 246 маърака гузаронида шудааст. Аз ин, 196 туйи домодӣ ва арусӣ аст, ки хароҷот андаке бештар аз 823 ҳазор сомониро ташкил мекунад”,-гуфт номбурда.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ