Дар шаҳри Ваҳдат нақшаи 9 намуд андоз барзиёд иҷро шуд

Дар шаш моҳи соли равон нақшаи қисми даромади буҷети шаҳри Ваҳдат 101, 8 фоиз иҷро шуд. Нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 55 миллиону 165 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад. 

Дар ин бора зимни нишасти матбуотӣ имрӯз, 4 август раиси шаҳри Ваҳдат Мирзо Исмоилзода хабар дод. 

Ӯ гуфт, ки соли ҷорӣ нақшаи 9 намуд андозҳои маҳаллӣ барзиёд иҷро шуданд. 
“Ин аз фаъолияти самарабахши кормандони нозироти андози шаҳри Ваҳдат далолат медиҳад”,- изҳор дошт Мирзо Исмоилзода.

Тавре ки иттилоъ дода шуд, давоми 6 моҳи соли 2025 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар корхонаҳои шаҳри Ваҳдат ба 800 миллиону 339 ҳазор сомонӣ расидааст. Ин рақам нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 209 миллиону 720 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад. 

Ба иттилои Мирзо Исмоилзода, имсол аз ҷониби соҳибкорони шаҳри Ваҳдат 4 коргоҳи нави саноатӣ бунёду ба истифода дода шуданд. Дар назар аст, ки то охири соли ҷорӣ боз 1 корхонаи калони истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ва 10 коргоҳҳои хурди истеҳсолӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор мегиранд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *