Ҷонназаров дар ИДМ беҳтарин олими ҷавон дониста шуд

Аспиранти Донишгоҳи Сеченов аз Тоҷикистон Элдор Ҷонназаров аз беҳтарин олимони ҷавон дар ИДМ шинохта шуд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Хонаи Русия дар Душанбе, шаҳрванди Тоҷикистон аз рӯи нашри V китоби байналмилалии асарҳои беҳтарин олимони ҷавони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар номинатсияи «Беҳтарин олими ҷавони ИДМ — 2022» соҳиби дипломи дараҷаи аввал гардид.

Ҳайати ҳакамон ба кори чашмшиноси 26-сола таҳти унвони «Такмили системаи баҳодиҳии қобилияти биноӣ дар кӯдакони синни томактабӣ ва кӯдакони кару гунг» баҳои баланд додаанд.

Ҷонназаров бо роҳбарии академики Академияи илмҳои Русия, доктори илмҳои тиб, профессор Сергей Аветисов тадқиқот гузаронидааст.

Илова бар ин, ӯ беш аз 30 мақолаи илмӣ навишта, ду маротиба квотаи ҳукумати Русияро гирифтааст: барои ординатура дар Донишгоҳи РУДН ва аспирантура дар Донишгоҳи овозадори давлатии тиббии Маскав ба номи И. М. Сеченов (Донишгоҳи Сеченов).

Дафтари матбуоти Хонаи Русия тавзеҳ додааст, ки нашри V-уми китоби байналмилалии осори беҳтарин олимони ҷавони ИДМ аз ҷониби Анҷумани байналмилалии олимони ҷавон бо дастгирии Анҷумани Ҷунбиши умумимиллии «Бобек» (Қазоқистон) ташкил карда шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *