Дар шаҳри Ҳисор наздик ба 3 ҳазор ҷойи нави корӣ таъсис ёфтааст (аудио)

Дар шаҳри Ҳисор дар шаш моҳи соли ҷорӣ 2818 ҷойи нави корӣ таъсис дода шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 115 адад зиёд аст. Дар ин бора раиси шаҳри Ҳисор Қосим Раҳбар зимни нишасти матбуотӣ ба рӯзноманигорон хабар дод.

Дар нишаст қайд гардид, ки дар даромадгоҳи марказии шаҳр аз ду тараф биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ бо беҳтарин шароити будубош сохта мешаванд, ки ба ҳусни шаҳр зебоӣ зам менамоянд ва ҳам шароити хубе барои сокинон муҳайё мегардад.  

Таъмини пешрафти устувори иқтисодии шаҳр 102,9% иҷро гардидааст. Ҳамзамон, дар шаҳр барои сазовор таҷлил намудани ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ барномаи мукаммале тартиб дода шудааст, ки мувофиқи он бунёди 1626 иншоот то ҷашн дар назар дошта шудааст.

Дар самти саноат дар шаҳр дар давраи ҳисоботӣ танҳо корхонаи “Ваҳдат – Текстил” 279,8 тонна ресмони пахтагин истеҳсол намудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 261,9 тонна ё 15,6 баробар зиёд аст.

Ҳамзамон, Қосим Раҳбар тасмим дорад, ки корхонаеро дар самти коркарди партобҳои маишӣ дар шаҳр бунёд созад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *