Тотористон

Аз саноат то дорусозӣ самтҳои ояндадори Тоҷикистону Тотористон дониста шуд

Имрӯз, 3 март дар Қасри миллат вохӯрии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Роҳбари Ҷумҳурии Тотористон Рустам Минниханов, ки дар доираи сафари Раиси Ҳукумати Федератсияи Русия Михаил Мишустин дар Душанбе қарор доранд, баргузор гардид.

Зимни суҳбат Сарвари давлати мо аҳамияти рушди минбаъдаи самарабахши муносибатҳои байниминтақавӣ ҳамчун ҷузъи ҷудонашавандаи шарикии стратегии Тоҷикистону Русияро таъкид намуданд.

Зикр гардид, ки ҳамкориҳо дар сатҳи минтақаҳо самти муҳими доираи васеи муносибатҳои Тоҷикистону Русия, аз ҷумла ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ, фарҳангию гуманитарӣ ва омили ғанӣ гардонидани онҳо бо мазмуни нави амалӣ мебошад.

Дар ин замина ба густариши минбаъдаи фаъоли муносибатҳо бо Ҷумҳурии Тотористон — ҳамчун яке аз минтақаҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ пешқадами Федератсияи Русия, изҳори ҳавасмандӣ карда шуд.

Тақвият ва густариш додани робитаҳои бевоситаи иқтисодии субъектҳои хоҷагидорӣ ва доираҳои соҳибкорӣ дар бахши воқеии иқтисодиёт вазифаи мубрам дониста шуд.

Соҳаҳои гуногуни саноат, аз ҷумла саноати кӯҳӣ ва металлургӣ, нафту газ, кимиё ва хӯрокворӣ, дорусозӣ, сохтмон, бахшҳои энергетика, нақлиёт ва коммуникатсия, кишоварзӣ ва сайёҳӣ аз самтҳои ояндадори ҳамкорӣ номида шуданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *