20 миллион доллар қарзи имтиёзноки Кувайт ба Тоҷикистон
Дар шаҳри Венаи Австрия миёни Тоҷикистон ва Фонди кувайтии рушди иқтисодии Араб созишномаи қарзӣ оид ба татбиқи лоиҳаи «Рушди мактабҳо» ба имзо расид.
Тавре Вазорати молияи Тоҷикистон хабар медиҳад, санади мазкурро вазири молияи Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода ва мудири кулли Фонди кувайтии рушди иқтисодии Араб Валид Ал-Баҳар ба имзо расонидаанд.
Тибқи созишнома, ҳаҷми умумии маблағгузорӣ 6 миллион динори кувайтӣ, муодили 20 миллион доллари амрикоиро ташкил медиҳад. Ин маблағ ба Тоҷикистон дар шакли қарзи имтиёзнок пешниҳод мешавад.
Ҳамзамон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои татбиқи ин лоиҳа 4,5 миллион доллари амрикоӣ ҷудо хоҳад кард.
Гуфта мешавад, ки ҳадафи лоиҳаи «Рушди мактабҳо» такмил ва рушди низоми таҳсилоти умумӣ, қонеъ намудани ниёзҳои кишвар ба инфрасохтори таълимӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои афзоиши шумораи хонандагон мебошад.
Дар доираи лоиҳа бунёд ва муҷаҳҳазсозии як қатор муассисаҳои таълимӣ дар шаҳру ноҳияҳои гуногуни Тоҷикистон пешбинӣ шудааст.
Ёдовар мешавем, ки созишномаи мазкур рӯзи 23-юми июни соли 2026 зимни мулоқоти вазири молияи Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода бо мудири кулли Фонди кувайтии рушди иқтисодии Араб Валид Ал-Баҳар дар шаҳри Венаи Австрия ба имзо расид.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ