Боздошти марди 46-сола бо гумони одамрабоӣ ва ҳаракатҳои бадахлоқона нисбати ноболиғ
Кормандони мақомоти корҳои дохилӣ дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе як сокини пойтахтро бо гумони содир кардани як қатор ҷиноятҳои вазнин, аз ҷумла одамрабоӣ ва ҳаракатҳои бадахлоқона нисбати ноболиғ боздошт намудаанд
Ба иттилои Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе, боздоштшуда Шоҳин Арабови 46-сола мебошад, ки қаблан низ барои ҷинояти дуздӣ ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шудааст.
Тибқи маълумоти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, гумонбаршаванда баъди истеъмоли маводи нашъадори навъи метаамфетамин, ки бо номи «кристалл» маъруф аст, як ноболиғро рабуда, нисбат ба ӯ амалҳои бадахлоқона анҷом додааст.
Мақомот мегӯянд, вобаста ба ин ҳолат нисбати Шоҳин Арабов бо моддаҳои марбут ба одамрабоӣ, ҳаракатҳои бадахлоқона ва муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишоти пешакӣ идома дорад.
Мақомоти корҳои дохилӣ аз шаҳрвандон даъват кардаанд, ки нисбат ба амнияти кӯдакон ва наврасон бетараф набошанд ва дар сурати мушоҳидаи ҳолатҳои шубҳанок фавран ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ муроҷиат намоянд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ