Сафири нави Русия дар Тоҷикистон кӣ мешавад?
Семён Григорев, сафири фавқулода ва мухтори Федератсияи Русия дар Тоҷикистон мақоми худро дар Душанбе тарк мекунад. Ба ҷойи ӯ ба ин мақом Александр Киншак, директори Департаменти Ховари Миёна ва Африқои Шимолии Вазорати корҳои хориҷии Русия пешниҳод шудааст.
Дар ин бора хабаргузории ТАСС бо истинод ба Константин Затулин, муовини якуми раиси Кумитаи Думаи давлатии Русия оид ба корҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иттилоъ додааст.
Ба гуфтаи Затулин, дар ҷаласаи пӯшидаи кумитаи мазкур масъалаи мувофиқа бо президенти Русия барои бозхонд ва таъини сафирон дар Тоҷикистон ва Абхозистон баррасӣ шудааст.

«Семён Григорев мақоми худро дар Душанбе тарк мекунад. Ӯро дар ин вазифа Александр Киншак, ки дипломати касбӣ аст ва айни ҳол Департаменти Ховари Миёна ва Африқои Шимолии Вазорати корҳои хориҷии Русияро роҳбарӣ менамояд, иваз мекунад»,- гуфтааст Затулин.
Ӯ ҳамчунин хабар додааст, ки пешниҳод кардааст сафири амалкунанда Семён Григорев бо Ифтихорномаи Думаи давлатии Русия сарфароз гардонида шавад. Аъзои кумитаи соҳавӣ ин ташаббусро ҷонибдорӣ кардаанд.
Тибқи Конститутсияи Русия, таъин ва бозхонди сафирон аз ҷониби президенти ин кишвар пас аз машварат бо кумитаҳои дахлдори Думаи давлатӣ ва Шӯрои Федератсия анҷом дода мешавад.
Семён Григорев бо фармони президенти Русия 16-уми августи соли 2022 сафири фавқулода ва мухтори ин кишвар дар Тоҷикистон таъин шуда, моҳи октябри ҳамон сол фаъолияти худро дар Душанбе оғоз карда буд. Ҳамин тавр, рисолати дипломатии ӯ дар Тоҷикистон наздик ба чаҳор сол идома ёфт.
Григорев аз дипломатҳо ва шарқшиносони ботаҷрибаи Русия ба шумор меравад. Ӯ хатмкардаи Донишкадаи давлатии муносибатҳои байналмилалии Маскав (МГИМО) буда, ба забонҳои форсӣ, дарӣ, пашту ва англисӣ ҳарф мезанад. Пеш аз таъин шудан ба Душанбе, ӯ тақрибан даҳ сол роҳбарии намояндагии дипломатии Русия дар Абхозистонро бар уҳда дошт. Ҳамчунин солҳои 2000-2001 ҳамчун мушовири сиёсӣ дар ҳайати намояндагии Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо дар Тоҷикистон фаъолият кардааст.
Дар давраи фаъолияти Семён Григорев дар Душанбе муносибатҳои Тоҷикистон ва Русия дар чанд самти муҳим, аз ҷумла амният, иқтисод, муҳоҷират, маориф ва ҳамкориҳои башардӯстона густариш ёфтанд. Александр Киншак, ки ба ҳайси сафири нави Русия дар Тоҷикистон пешниҳод шудааст, низ дипломати собиқадор мебошад. Ӯ соли 1962 таваллуд шуда, хатмкардаи МГИМО аст ва забонҳои арабӣ ва англисиро медонад. Аз соли 1988 дар хизмати дипломатӣ фаъолият дошта, бештар ба кишварҳои Ховари Миёна ва Африқои Шимолӣ тахассус дорад.

Киншак дар солҳои гуногун сафири Русия дар Кувайт ва Сурия буд. Аз соли 2018 инҷониб Департаменти Ховари Миёна ва Африқои Шимолии Вазорати корҳои хориҷии Русияро роҳбарӣ мекунад. Соли 2020 ӯ намояндаи махсуси вазири корҳои хориҷии Русия оид ба танзими буҳрони Сурия таъин гардида буд.
Интизор меравад, ки пас аз анҷоми расмиёти машваратӣ ва судури фармони дахлдори президенти Русия, тағйирот дар намояндагии дипломатии ин кишвар дар Душанбе расман ба иҷро дарояд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ