Даргузашти аввалин кайҳоннаварди Афғонистон

Аввалин ва ягона кайҳоннаварди Афғонистон Абдул Аҳад Муҳманд дар синни 67-солагӣ дар Олмон даргузашт. Оила ва дӯстони ӯ ин хабарро тасдиқ карданд.

Муҳманд солҳои охир бо оилааш дар Штутгарт зиндагӣ мекард. Абдул Аҳад Муҳманд соли 1987 Академияи нерӯҳои ҳавоии Гагаринро хатм карда, инчунин дар мактабҳои ҳарбии ҳавопаймоии Краснодар ва Киев таҳсил кардааст. Соли 1988, дар синни 29-солагӣ, ӯ ба истгоҳи кайҳонии Мир сафар кард ва тақрибан нӯҳ рӯзро дар он ҷо гузаронд.

Ӯро ҳамкорони шуравияш Владимир Ляхов ва Валерий Поляков ҳамроҳӣ мекарданд. Тавре қаблан REN TV хабар дода буд, Муҳманд дар истгоҳи Мир дар таҷрибаҳои беназир, аз ҷумла аксбардории Афғонистон аз кайҳон иштирок кард, ки имкон дод аввалин харитаи пурраи ҷуғрофии ин минтақа сохта шавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *