Ҷоми ҷаҳон-2026. Дастаҳое, ки эҳтимол дорад ба даври плей-офф роҳ ёбанд
Баъд аз анҷоми даври дуюми вохӯриҳои гурӯҳии Ҷоми ҷаҳонии футбол-2026 чанд даста мустақиман ва чанд дастаи дигар эҳтимолан ба даври плей-офф роҳ меёбанд.
Аз гурӯҳи А дастаи Мексик бо 6 имтиёз пеш аз муҳлат ба даври дигар рафт ва се дастаи дигар – Куриёи Ҷанубӣ, Ҷумҳурии Чех ва Африқои Ҷанубӣ низ имкони ба даври плей-офф рафтанро доранд.
Аз гурӯҳи В ҳанӯз ба тарви қатъӣ маълум нест, ки кадом дастаҳо соҳиби роҳхат мешаванд, чун Канада бо Суис (Швейсария) чоримтиёзӣ доранд, Босниё ва Ҳерзоговин бо Қатар якимтиёзӣ.
Аз гурӯҳи С ба эҳтимоли зиёд Ҳоитӣ мусобиқаро тарк мекунад, Бразилиё бо Марокаш чоримтиёзӣ ва Шотланд се имтиёз доранд.
Аз гурӯҳи D мизбони асосии мусобиқа – ИМА пеш аз муҳлат соҳиби роҳхат шуд. Австролиё бо Парагвай сеимтиёзӣ доранд. Туркия аввалин дастаест, ки расман натавонист аз гурӯҳ барояд.
Аз гуруҳи Е Олмон даври дигарро ба худ ихтисос кард. Ба эҳтимоли зиёд Соҳили Оҷ (Кот-д’Ивуар) низ соҳиби роҳхат мешавад. Эквадор ва Кюрасао барои як роҳхати дигар мубориза мебаранд.
Аз гурӯҳи F эҳтимол дорад мусобиқа барои Тунис ба анҷом расида бошад. Нидерландҳо бо Ҷопон бо чоримтиёзӣ пешсафанд. Суид (Шведсия) низ се имтиёз дорад ва ба эҳтимоли зиёд яке аз талабгорони роҳхат аст.
Аз гурӯҳи G кадом даста бо ишғоли ҷойи якум ба даври дигар меравад, ҳанӯз маълум нест ва ҳамаи чор даста – Миср, Эрон, Белжик ва Зеландиёи Нав имкони қариб баробар доранд.
Дар гурӯҳи Н низ айнан мисли гурӯҳи G аст. Испониё 4 имтиёз дорад, Уругвай бо Кабо-Верде дуимтиёзӣ ва Арабистони Саудӣ як имтиёз дорад. Имкони ҳамаи дастаҳо қариб баробар аст.
Дар гурӯҳи I ҳама чиз қариб маълум шудааст. Фаронса бо Норвеж кайҳо соҳиби роҳхат шуданд. Барои як роҳхати дигар Сенегал ва Ироқ мубориза мебаранд ва шояд ҳарду ҳам соҳиби он нашаванд. Кӣ медонад?
Дар гурӯҳи J Мессӣ бо панҷ гол дар ду бозӣ тавонист Аржентинро ба даври плей-офф барад. Утриш (Австрия) ва Алҷазоир сеимтиёзӣ доранд. Ба эҳтимоли зиёд Урдун мусобиқаро тарк мекунад.
Аз гурӯҳи К Колумбия бо ду пирӯзӣ ва Португалия бо чор имтиёз ба даври плей-офф рафтанд. Тақдири ҷойи сеюм дар бозии Ӯзбекистон бо Конго ҳал хоҳад шуд. Ба эҳтимоли зиёд Ӯзбекистон мусобиқаро тарк мекунад.
Аз гурӯҳи L Инглис (Англия) ва Ғано (Гана) роҳхати даври дигарро соҳиб шуданд. Крувосӣ (Хорватия) низ шояд роҳ ёбад, аммо Панама умедашро аз даст дод.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ