6 нуктаи калидӣ аз даври аввали музокироти Эрону Амрико

Даври аввали музокироти Амрикову Эрон баъди ба имзо расидани созиши оташбас миёни президентҳои ду кишвар – Доналд Трамп ва Масъуди Пизишкиён, 21-уми июн, дар шаҳри Бюргенштоки Швейтсария бо миёнҷигарии Покистону Қатар баргузор шуд. Дар ин нишаст раҳбарии ҳайати эрониро Муҳаммадбоқир Қолибоф, риси Маҷлиси шурои исломии Эрон ва амрикоиро Ҷей Ди Венс, муовини раисҷумҳури Амрико ба уҳда доштанд.  

Аз майдони ҷанг то мизи музокирот

Муносибатҳои Эрон ва Амрико тайи даҳсолаҳои охир бо беэътимодӣ, таҳримҳо ва рақобати геополитикӣ тавсиф мешаванд. Аммо ҷанги охире, ки бо иштироки Амрико, Исроил ва Эрон ба вуқуъ пайваст, нишон дод, ки идомаи низоъ метавонад тамоми минтақа ва ҳатто иқтисоди ҷаҳонро ба вартаи буҳрони амиқтар кашонад.

Яке аз омилҳои асосии тағйири вазъият баста шудани гулӯгоҳи Ҳурмуз буд. Ин оброҳ аҳамияти фавқулода дорад, зеро тақрибан панҷяки нафт ва қисми зиёди гази моеи ҷаҳон аз ҳамин масир интиқол меёбад. Баста шудани он фавран ба болоравии нархи энержӣ дар бозорҳои ҷаҳонӣ сабаб гардид.

Дар чунин шароит ҳам Вашингтон ва ҳам Теҳрон дарк карданд, ки идомаи муқовимат метавонад барои ҳар ду ҷониб хароҷоти аз ҳад зиёд дошта бошад.

Чаро маҳз Қатар ва Покистон?

Яке аз хусусиятҳои ҷолиби музокироти Бюргеншток нақши фаъолонаи Қатар ва Покистон мебошад.

Қатар солҳои охир борҳо ҳамчун миёнҷии муваффақ дар буҳронҳои минтақавӣ баромад кардааст. Ин кишвар ҳам бо Амрико ва ҳам бо Эрон муносибатҳои нисбатан хуб дорад.

Покистон бошад, ягона кишвари мусалмони дорои силоҳи ҳастаӣ буда, ҳамзамон бо Теҳрон ва Вашингтон иртиботи дипломатии фаъолро нигоҳ медорад.

Шаш натиҷаи муҳими даври аввал

Ҳарчанд ҷонибҳо то ҳол ба созиши ниҳоӣ нарасидаанд, аммо даври аввали музокирот чанд натиҷаи назаррас ба бор овард.

Аввалан, ҷонибҳо барои таҳияи нақшаи роҳи 60-рӯза мувофиқат карданд. Ин маънои онро дорад, ки музокирот акнун шакли сохторӣ гирифтааст.

Дуюм, қарор шуд кумитаи махсуси музокирот таъсис дода шавад, ки масъалаҳои баҳсбарангезро дар сатҳи коршиносон баррасӣ намояд.

Сеюм, барои назорати вазъ дар Лубнон гурӯҳи махсуси коҳиши таниш таъсис дода мешавад.

Чорум, Эрон ва Амрико барои таъсиси канали мустақими иртиботӣ дар масъалаи амнияти гулӯгоҳи Ҳурмуз розӣ шудаанд. Ин иқдом метавонад хатари даргириҳои тасодуфиро ба таври ҷиддӣ коҳиш диҳад.

Панҷум, Вашингтон маҳдудиятҳои содироти нафти Эронро барои 60 рӯз сабук намуд.

Ва ниҳоят, бахше аз дороиҳои масдудшудаи Эрон озод карда шуданд, ки аз оғози тағйироти эҳтимолӣ дар муносибатҳои иқтисодии ду кишвар шаҳодат медиҳад.

Мушкилоти асосӣ боқӣ мондаанд

Бо вуҷуди пешрафтҳои эълоншуда, роҳи расидан ба созиши пойдор осон нест. Эрон талаб мекунад, ки таҳримҳо пурра бекор шуда, Амрико иҷрои тамоми уҳдадориҳои худро кафолат диҳад.

Вашингтон бошад, мехоҳад масъалаи барномаи ҳастаии Эрон ва фаъолияти гурӯҳҳои муттаҳиди Теҳрон дар минтақа таҳти назорат қарор гирад.

Ғайр аз ин, идомаи амалиётҳои низомӣ дар Лубнон ва нақши Исроил ҳамоно яке аз нуктаҳои баҳсбарангез боқӣ мемонад.

Маҳз ҳамин масъалаҳо метавонанд дар ҳар лаҳза музокиротро ба бунбаст расонанд.

Оё Трамп воқеан сулҳ мехоҳад?

Дар муҳити сиёсӣ ва коршиносӣ дар бораи ҳадафҳои воқеии Вашингтон назарҳои гуногун вуҷуд доранд.

Гурӯҳе аз таҳлилгарон бар ин назаранд, ки маъмурияти Доналд Трамп воқеан мехоҳад буҳрони Халиҷи Форсро хотима диҳад, зеро идомаи ҷанг ба иқтисоди Амрико ва бозори ҷаҳонӣ таъсири манфӣ мерасонад.

Аммо гурӯҳи дигар чунин мешуморанд, ки Вашингтон аз музокирот бештар ҳамчун воситаи фишор истифода мебарад ва омода нест ҳамаи талаботи Эронро қабул кунад.

Изҳороти ахири Трамп дар бораи эҳтимоли «зарбаҳои сахттар» алайҳи Эрон низ нишон медиҳад, ки забони таҳдид ҳанӯз аз сиёсати ду кишвар хориҷ нашудааст.

Ояндаи минтақа ба чӣ вобаста аст?

Муҳимтарин натиҷаи музокироти Бюргеншток на санадҳои имзошуда, балки эҳёи муколама мебошад. Таҷрибаи таърих нишон медиҳад, ки ҳатто рақибони сарсахт метавонанд тавассути гуфтушунид роҳи ҳалли мушкилотро пайдо кунанд.

Агар нақшаи роҳи 60-рӯза амалӣ шавад, эҳтимол дорад, ки дар моҳҳои наздик шоҳиди коҳиши танишҳо дар Халиҷи Форс, Лубнон ва дигар нуқтаҳои буҳронӣ бошем. Аммо агар ҷонибҳо ба уҳдадориҳои худ пойбанд намонанд, минтақа метавонад дубора ба гирдоби ҷанг баргардад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *