68 соли умр ва беш аз чор даҳсола дар журналистика (видео)

28 сентябр зодрӯзи журналист ва нависандаи тоҷик Саидалӣ Сиддиқ аст. Соли 2026 ӯ 68-сола мешавад.

Саидалӣ Сиддиқ 28 сентябри соли 1958 дар ноҳияи Рӯдакӣ таваллуд шудааст. Соли 1981 шуъбаи журналистикаи факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм карда, як сол баъд дар Маскав курси такмили ихтисоси журналистиро ба анҷом расондааст.

Фаъолияти касбии ӯ аз Радиои Тоҷикистон оғоз шуд. Баъдан дар рӯзномаи «Комсомоли Тоҷикистон» ҳамчун хабарнигор ва мудири шуъба фаъолият кард. Дар Афғонистон мушовир-тарҷумон буд, сипас ҳамчун ёвари вазири фарҳанг ва муовини сардори Раёсати телевизион ва радиои Вазорати фарҳанг ва иттилоот кор кардааст.

Соли 2007 мудири шуъбаи иттилоотию таҳлилии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон таъйин гардид. Баъдан дар вазифаи муовини аввали раиси Кумитаи телевизион ва радио фаъолият кард.

Моҳи марти соли 2016 Саидалӣ Сиддиқ директори Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» таъйин шуд ва то моҳи январи соли 2023, то замони ба нафақа баромадан, ин ниҳодро роҳбарӣ кард.

Саидалӣ Сиддиқ фаъолияти эҷодиро низ идома додааст. Тибқи иттилои «Ховар», дар матбуоти дохиливу хориҷӣ ва маҷмуаҳо аз ӯ беш аз 900 очерк, мақола, мусоҳиба ва ҳикоя ба табъ расидааст.

Саидалӣ Сиддиқ аз рӯзноманигорони собиқадори тоҷик аст, ки фаъолияти касбиаш радио, матбуоти даврӣ, телевизион, ниҳодҳои давлатӣ ва хабаргузории миллиро фаро гирифтааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *