Президент: Бадахшон ба маркази бузурги табодули таҷрибаи сайёҳӣ табдил дода шавад
27 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни сафар ба ВМКБ ва ифтитоҳи чандин иншооти ҷашнӣ, инчунин дар шаҳри Хоруғ дар чорабинии тантанавӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ иштирок ва суханронӣ кард.
Сарвари давлат мардуми Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва шаҳри Хоруғро ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон табрик гуфта, таъкид кард, ки ин ҷашн рамзи иттиҳоду сарҷамъӣ, худшиносиву худогоҳии миллӣ ва вусъати корҳои созандагиву ободонӣ мебошад.
Ба гуфтаи Президент, мардуми Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар солҳои соҳибистиқлолӣ дар таҳкими арзишҳои истиқлол ва пояҳои давлатдории миллӣ саҳми назаррас гузоштаанд.
Зикр гардид, ки ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят бунёд ва навсозии 1362 иншоот ба нақша гирифта шуда буд. Аммо то имрӯз бо саҳми аҳолӣ, соҳибкорон ва шахсони саховатпеша 1545 иншооти таъиноти гуногун сохта ва ба истифода дода шудааст.








Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба сокинон ва соҳибкорони вилоят барои саҳмгузорӣ дар корҳои ободониву созандагӣ изҳори миннатдорӣ кард.
Ҳамчунин, Сарвари давлат аз сокинони Бадахшон даъват намуд, ки бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда вилоятро ба яке аз марказҳои муҳими табодули таҷрибаи сайёҳӣ дар минтақа табдил дода, фарҳанги меҳмоннавозии тоҷикон ва имкониятҳои сайёҳии минтақаро бештар муаррифӣ намоянд.
Президент изҳори итминон кард, ки сокинон ва ҷавонони вилоят минбаъд низ бо ташаббусҳои созанда дар ободонии диёр ва таҳкими иқтидори Тоҷикистон саҳм мегузоранд.
Пас аз суханронии Сарвари давлат барномаи бошукуҳи фарҳангӣ баргузор шуд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ