Мактаби №6-и Хоруғ ба номи Алишер Мирзонабот гузошта мешавад

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дастур дод, ки муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №6-и шаҳри Хоруғ ба номи собиқ раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, шодравон Алишер Мирзонабот номгузорӣ шавад.

Ин дастур имрӯз, 28 сентябр зимни мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар шаҳри Хоруғ садо дод.

Сарвари давлат зимни суханронӣ хотираи Алишер Мирзонаботро ба некӣ ёд карда, ба падару модар ва наздикони ӯ изҳори ҳамдардӣ намуд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон таъкид кард, ки Алишер Мирзонабот аз ҷумлаи кадрҳое буд, ки садоқат ба давлату миллат ва масъулиятшиносӣ дар иҷрои вазифаро шиори зиндагии худ қарор дода буд.

Ба гуфтаи Президенти кишвар, як қатор иншооте, ки ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар шаҳру ноҳияҳои ВМКБ бунёд шудаанд, бо талошҳои Алишер Мирзонабот амалӣ гардидаанд.

Дар идомаи мулоқот вазъи иҷтимоиву иқтисодии ВМКБ низ баррасӣ шуда, Сарвари давлат барои рушди саноат, энергетика, роҳу нақлиёт, кишоварзӣ, маориф, тандурустӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ ба масъулон дастуру супоришҳо дод.

Тибқи иттилои расмӣ, маҷмӯи маҳсулоти ВМКБ соли 2025 ба 3 миллиард сомонӣ расида, дар даврони соҳибистиқлолӣ барои рушди иҷтимоиву иқтисодии вилоят аз ҳамаи манбаъҳои маблағгузорӣ беш аз 26 миллиард сомонӣ равона шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *