Раҷаб Аҳмадзода якҷо бо аҳли оила дар маъракаи пахтачинӣ иштирок намуд (аксҳо)
Рӯзи якшанбеи 27 сентябр Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода ҳамроҳи модар ва аъзои оила, инчунин як қатор модарони барнодил ва сокинони касбу кори гуногуни шаҳри Хуҷанд ба ноҳияи Ҷаббор Расулов омада, дар ҳашари пахтачинӣ иштирок намуд.
Зимни иштирок дар ҷамъоварии ҳосил таъкид гардид, ки афзоиши ҳаҷми истеҳсоли пахта барои таъмини корхонаҳои саноатӣ бо ашёи хом ва зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ замина фароҳам меорад.
Кумак ба марди деҳқон дар ин рӯзҳо, ки ҳосили пахта пухта расидааст, яке аз вазифаҳои муҳим маҳсуб ёфта, сокинони касбу кори гуногун бо дарки масъулият дар ҷамъоварии он саҳм мегузоранд.



Дар ноҳияи Ҷаббор Расулов соли равон дар майдони 4237 гектар пахта кишт карда шудааст. Кишоварзон нақша доранд, ки имсол 11 ҳазору 330 тонна пахта ҷамъоварӣ намоянд. Аз оғози мавсим то имрӯз 2777 тонна пахта ҷамъоварӣ карда шудааст.
Дар майдони пахтазор ҳузури саҳмдорон ва ҳашарчиён бештар гардида, барои меҳнати самаранок ва болидаҳолии пахтачинон тамоми шароити зарурӣ фароҳам оварда шудааст. Аз ҷумла, дар хоҷагии деҳқонии «Абдуқаюмбобо» аҳли фарҳанг бо суруду таронаҳои дилнишин ба пахтачинон руҳу илҳоми тоза бахшиданд.
Давоми рӯз Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода ҳамроҳи аъзои оила дар маҷмӯъ беш аз 500 килограмм пахта ҷамъоварӣ намуда, ба саҳмдорони хоҷагии деҳқонии «Абдуқаюмбобо» дар сари вақт ва беталаф ҷамъоварӣ намудани ҳосил кумак расониданд.
Дар бошгоҳи саҳроӣ барои пахтачинон дастурхони идона ороста шуда, барномаи рангини фарҳангӣ пешниҳод гардид. Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода барои саҳмгузорӣ дар ҷамъоварии «тиллои сафед» ва кумак ба марди деҳқон ба ҳашарчиён изҳори сипос намуда, таъкид кард, ки бо сарҷамъӣ ва муттаҳидӣ иҷрои нақшаи пахтасупорӣ дар вилояти Суғд сари вақт таъмин карда мешавад.
Дар фарҷом ба як қатор пахтачинони пешқадам туҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардида, суруду таронаҳои дилнишин хотири ҳашарчиёнро шоду масрур намуданд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ