Мақоми нави Акбарҷон Исмоилов дар Шӯрои халқии Қазоқистон

Акбарҷон Исмоилов, соҳибкор ва тоҷики фаъоли зодаи Қазоқистон узви Шӯрои халқии Қазоқистон таъйин шуд.  Фармони ӯ ба ин мақом  22 сентябри соли 2026 аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Ҷомарт Тоқаев имзо шуд.

Шӯрои халқии Қазоқистон мақоми олии машваратӣ буда, барои намояндагии манфиатҳои мардуми ин кишвар таъсис ёфтааст.

Ин ниҳод дар пайи ислоҳоти сохтори сиёсии Қазоқистон шакл гирифт. Қосим-Ҷомарт Тоқаев ҳанӯз 8 сентябри соли 2025 дар Паёми худ ба мардум пешниҳод карда буд, ки кишвар аз Парлумони дупалатагӣ ба Парлумони якпалатагӣ гузарад. Дар натиҷаи ислоҳот сохторҳои марбут ба низоми пешина бозбинӣ шуданд.

Акбарҷон Исмоилов қаблан дар Ассамблеяи халқи Қазоқистон фаъолият карда, муовини раиси он буд. Ӯ ҳамчунин роҳбари Маркази ҷумҳуриявии этнофарҳангии тоҷикони Қазоқистон мебошад.

Акбарҷон Исмоилов соли 1988 дар вилояти Улутави Қазоқистон, дар оилаи Яҳёхоҷа Исмоилов ба дунё омадааст. Таҳсилоти миёнаро дар Қазоқистон гирифта, соли 2016 Донишгоҳи Мадинаро хатм кардааст.

Ӯ ба соҳибкорӣ машғул буда, муассис ва ҳаммуассиси чанд ширкат дар бахшҳои сохтмон ва амволи ғайриманқул мебошад.

Аз соли 2017 то соли 2022 роҳбари Маркази тоҷикони шаҳри Остона буд. Аз моҳи сентябри соли 2022 роҳбарии Маркази ҷумҳуриявии этнофарҳангии тоҷикони Қазоқистонро ба уҳда дорад.

Акбарҷон Исмоилов ҳамчунин узви Шӯрои ҷамъиятии шаҳри Остона ва узви Шӯрои сиёсии Ҳизби «Адолат» мебошад.

Ӯ барои фаъолияти ҷамъиятӣ ва саҳм дар таҳкими ваҳдати миллӣ бо ордени «Ел Бірлігі» ва медали «30-солагии Ассамблеяи халқи Қазоқистон» сарфароз гардидааст.

Ҳамчунин, аз Президенти Қазоқистон, Раиси Сенати Парлумон ва шаҳрдори Остона номаҳои сипос гирифтааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *