Раҷаб Аҳмадзода Мамирҷон Раҳимовро ба ҳузур пазируфт

28 сентябр Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода намояндаи комилҳуқуқи Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон дар вилояти Ботканд Мамирҷон Раҳимовро, ки ҷиҳати иштирок дар Форуми дуюми сулҳи Фарғона ба вилояти Суғд ташриф овардааст, ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот масъалаҳои таҳкими муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои мутақобилан судманд миёни вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вилояти Ботканди Ҷумҳурии Қирғизистон баррасӣ гардид.

Ҷонибҳо таъкид карданд, ки баргузории чунин ҳамоишҳо барои таҳкими эътимод, густариши робитаҳои байни минтақаҳои ҳаммарз ва фароҳам овардани заминаҳои мусоид барои рушди ҳамкориҳои иқтисодиву иҷтимоӣ аҳаммияти муҳим дорад.

Бахшида ба солгарди имзои Эъломияи Хуҷанд дар бораи дӯстии абадӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Қирғизистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон рӯзҳои 28-30 сентябр дар шаҳри Гулистон Форуми дуюми сулҳи Фарғона таҳти унвони «Водии Фарғона: фазои сулҳ, эътимод ва шукуфоӣ» баргузор мегардад.

Дар кори Форум намояндагони вилоятҳои ҳаммарзи се кишвар иштирок намуда, масъалаҳои густариши ҳамкориҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва истифодаи имкониятҳои мавҷудаи минтақаи водии Фарғонаро баррасӣ менамоянд.

Дар доираи Форум сессияҳои соҳавӣ оид ба «Стратегияи рушди устувор ва устуворӣ дар водии Фарғона», «Назари стратегӣ ба рушди иқтисодӣ ва саноатии водии Фарғона», «Стратегияи ҳифзи муҳити зист дар водии Фарғона», «Дурнамои эътимоди минтақавӣ ва ҳамкории ҷомеаи шаҳрвандӣ дар водии Фарғона», «Ташаббусҳои ҷавонон ба хотири рушди устувор ва шукуфоии водии Фарғона» ва «Ташаббусҳои занон ба хотири рушди устувор ва шукуфоии водии Фарғона» баргузор мешаванд.

Эъломияи Хуҷанд дар бораи дӯстии абадӣ миёни Тоҷикистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон аз санадҳои муҳими таърихӣ дар раванди таҳкими эътимод, дӯстӣ ва ҳамкориҳои минтақавӣ ба ҳисоб меравад. Ин санад 31 марти соли 2025 дар шаҳри Хуҷанд аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба имзо расида буд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *