Виҷдон мепурсад: Ту чӣ гуна инсон будан мехоҳӣ?
“Аз тарс назди мардум – ҳақиқатро гуфтан душвор аст, аз тарс назди виҷдон – дурӯғ”.
Ҳикмати озарӣ
Воқеан, ҳамин гуна аст, ки дар ин дидгоҳ возеҳ ба назар мерасад, ҷаноби Хоҷаев. Инсони комил метавонад аз ҳама чиз гурезад, аммо аз виҷдони худ не. Метавон ҷурмеро аз чашми мардум пинҳон кард, вале онро дар қалби худ пинҳон кардан душвор аст. Зеро виҷдон садои ботиниест, ки ҳамеша бо инсон зиндагӣ мекунад. Албатта, бо инсони комил! Хавфноктарину бадкештарин одам нафарест, ки садои виҷдонро намешунавад.
Баъзан мо назди интихоби душвор, дар дуроҳа қарор мегирем: ҳақиқатро бигӯем ё дурӯғ, ба нафаре ёрӣ расонем ё дастафшону бепарво гузарем, гуноҳи худро эътироф намоем ё онро ба гардани дигарон бор кунем? Дар чунин лаҳзаҳо виҷдон ба ҷунбиш меояд, гӯё мепурсад: “Ту чӣ гуна инсон будан мехоҳӣ?”. Ин савол сода менамояд, вале посух ба он метавонад тамоми зиндагии баъдии инсонро тағйир диҳад.
Чанде пеш дар саҳифаи “Фейсбук” назари зиёии тоҷик Абдуғаффор Раҳмонзодаро хондам. Ӯ навишта буд: “Ҳангоми шикастани як пиёла се ҳолатро мушоҳида кардан мумкин аст: Агар кӯдаке шиканад, мегӯянд: “Эй хок бар сарат, дасту по надоштӣ?”, агар модаре шиканад, мегӯяд: “Алҳамдулиллоҳ, ҳар қазову ҳар балое буд, ба сари ин пиёла расид” ва агар падаре шиканад, мегӯяд: “Ман намедонам, ин пиёларо кӣ дар инҷо гузоштааст?””. Яъне, набарди виҷдон бо адолат…
Мутаассифона, одамоне ҳастанд, ки ба хотири манфиати худ виҷдонро фаромӯш мекунанд, дӯстам Хоҷаев.
Мегӯянд, ки “виҷдон дандон надорад, аммо мегазад”. Вале “виҷдони бедандон” ин тоифаро нагазид, ки нагазид.
Онҳо метавонанд дигаронро фиреб диҳанд, ба касе зарар расонанд ё ҳақиқатро пинҳон созанд. Аммо оё чунин инсонро ҳангоми танҳо мондан қалбаш маҳкум намекарда бошад? Зеро, виҷдон мол нест, ки онро харидуфурӯш карда шавад. Виҷдонро бо корҳои нек, ростқавлӣ, меҳрубонӣ ва адолат дар худ парваридан мумкин аст. Ба ҳамин хотир, пеш аз иҷрои ҳар амале бояд аз худ бипурсем, ки “агар ҳама ин кори анҷомдодаи маро медиданд, аз кардаам шарм медоштам ё ифтихор мекардам?”. Дар ҳоле ки шарм доштан аз ҷурм ҳам як навъ назокату матонати инсон аст. Тавре олими англис Чарлз Дарвин мегӯяд: “Қобилияти сурх шудан аз хостарин ва инсонитарин хислатҳои одам аст”.
Нисфирӯзие бо чанд нафар ҳамкорон барои тановули ғизо ба ошхона рафтем. Баъди хӯрдани ғизо як ҳамкорамон зардолуобро нӯшидаву гуфт, ки тамоман таъм надоштааст. Гуфтем, ки таъм надошт, намегирифтӣ. Гуфт: “Чун таъмашро чашида будам, виҷдонам нагузошт баргардонамаш”.
Дигар лаҳза ин ки, боре рӯй ҷониби маркази савдои “Садбарг” шитоб доштам. Дар чорроҳаи Вазорати маориф ва илм марде ду халтаи пурбор дар даст, аз кадом роҳ гузаштани маршруткаи №8-ро пурсид. Гуфтам, ки аз роҳи наздикии “Ашан”. Ӯ рафту баъд ба хотирам расид, ки хатсайр иваз шудаву маршруткаи №8 аз ҳамон роҳи канораш истодаам мегузарад. Аз паси мард шитофтам, ӯро дарёб намуда, маъзарат хостам, ки хато роҳнамоӣ кардаам. Табъаш хеле болида шуд. Бо вуҷуди бори вазнини дастонаш, хушҳолона роҳашро дигар кард. Ман ҳам, баъди сабукдӯш шудан аз бори виҷдон, аз пайи кори худ рафтам.
Пас, дақиқан виҷдон чист, рафиқ Хоҷаев? Оё он танҳо ҳисси пушаймонӣ баъди кори нодуруст аст? На танҳо ин. Виҷдон пеш аз ҳама масъулиятшиносӣ, ростқавлӣ ва эҳтиром ба инсон будан аст. Шахсе, ки виҷдон дорад, ҳатто вақте касе ӯро намебинад, кори нек мекунад.
Фазлиддин АСОЗОДА
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ