Назри Яздонӣ – шоир, тарҷумон, нависанда, публитсист ва пажӯҳишгар (видео)
18 август зодрӯзи яке аз чеҳраҳои маъруфи адабиёт ва фарҳанги тоҷик – Шоири халқии Тоҷикистон Назри Яздон мебошад.
Назри Яздонӣ соли 1949 дар ноҳияи Сангвор ба дунё омадааст. Ӯ фориғуттаҳсили шуъбаи англисии факултети забонҳои хориҷии Донишкадаи давлатии омӯзгории Душанбе буда, ҳанӯз аз даврони донишҷӯӣ шеърҳо ва навиштаҳояш дар матбуот ба нашр мерасиданд.
Ӯ фаъолияти меҳнатии худро дар шуъбаи фалсафаи Академияи илмҳои Тоҷикистон оғоз намуда, соли 1981 ба Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ба ҳайси мудири шуъбаи равобити адабӣ даъват шудааст ва то соли 1991 дар ин вазифа фаъолият кардааст.
Солҳои 1991–1999 мудири шуъбаи назорат ва ҳамоҳангсозии Кумитаи оид ба корҳои дин буд. Баъдан фаъолияти худро дар Институти фалсафа ва ҳуқуқи Академияи илмҳои Тоҷикистон идома дод.
Назри Яздонӣ дар тӯли фаъолият ҳамчун шоир, тарҷумон, нависанда, публитсист ва пажӯҳишгар барои рушди адабиёт ва фарҳанги тоҷик саҳми арзанда гузоштааст.
Осори ӯ бо андешаҳои амиқ, муҳаббат ба Ватан, забони тоҷикӣ, фарҳанги миллӣ ва арзишҳои маънавӣ пайванди устувор дорад. Ашъори Назри Яздонӣ дар маҷмӯаҳои «Меҳрбон», «Тоҷикистон беҳтар аз ҷон», «Нурборон», «Дилнигора», «Нурполо» ва дигар китобҳо ба табъ расидааст.
Номбурда дар тарҷума низ маҳорати баланд дорад. Ӯ аз ҷумлаи аввалин шоирони тоҷик аст, ки бевосита аз забони англисӣ ба тоҷикӣ тарҷума кардааст. Як силсила шеърҳои ӯро ҳофизони маъруфи тоҷик оҳанг бастаанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ