Маориф – пули дӯстӣ миёни тоҷикону ӯзбекон

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари корӣ ба шаҳри Турсунзода ва ифтитоҳи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 21 ба масъалае таваҷҷуҳ намуданд, ки на танҳо аҳаммияти таълимӣ, балки мазмуни амиқи иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва сиёсӣ дорад.

Сарвари давлат ба масъулини соҳаи маорифи ҷумҳурӣ ва шаҳр дастур доданд, ки бо назардошти эҳтиёҷи аҳолии ӯзбекзабони шаҳри Турсунзода муассисаҳои таълимии ӯзбекӣ бунёд карда, онҳоро бо китобҳои дарсӣ ва дигар маводи таълимӣ ба забони модариашон таъмин намоянд.

Дастури мазкур танҳо супориш барои бунёди чанд муассисаи таълимӣ набуда, моҳияти он фаротар аз бунёди бинои мактаб аст. Ин иқдом ифодаи равшани сиёсати давлатии Тоҷикистон дар самти ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои ҳамаи шаҳрвандон, новобаста аз миллату забон, фароҳам овардани шароит барои омӯзиши забони модарӣ ва рушди фарҳанги миллатҳои сокини кишвар мебошад.

Ваҳдат аз эҳтироми ҳамдигар оғоз меёбад

Тоҷикистон аз замонҳои қадим макони ҳамзистии халқу миллатҳои гуногун буд, ҳаст ва мемонад. Тоҷикону ӯзбекҳо тӯли асрҳо паҳлуи ҳам зиндагӣ карда, шодиву ғам, обу замин, расму оин ва дастовардҳои фарҳангиро бо ҳам дидаанд. Робитаҳои ин ду халқ танҳо муносибатҳои ҳамсоягӣ нестанд. Онҳо бо пайвандҳои хешутаборӣ, анъанаҳои муштарак ва арзишҳои маънавӣ устувор гардидаанд.

Дар чунин ҷомеа ваҳдати миллӣ танҳо бо шиор таъмин намешавад. Он замоне пойдор мегардад, ки ҳар шаҳрванд худро узви комилҳуқуқи ҷомеа эҳсос кунад, забону фарҳангаш мавриди эҳтиром қарор гирад ва фарзандаш барои таҳсил ба забони модарии худ имконият дошта бошад.

Мактаб дар ин раванд нақши асосӣ дорад. Кӯдак нахустин мафҳумҳо – Ватан, дӯстӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва масъулияти шаҳрвандиро маҳз дар мактаб меомӯзад. Агар дар ин муҳит забон ва фарҳанги хонаводагии ӯ эҳтиром карда шавад, дар вуҷудаш эҳсоси эътимод ба давлат ва ҷомеа ташаккул меёбад.

Аз ин ҷиҳат, дастури Президент Эмомалӣ Раҳмон идомаи мантиқии сиёсати таҳаммулпазирӣ, инсондӯстӣ ва ҳамгироии ҷомеаи Тоҷикистон мебошад. Давлат бо чунин иқдом нишон медиҳад, ки гуногунрангии забон ва фарҳанг омили муттаҳидӣ ва сарвати маънавии кишвар аст.

Ғамхорӣ ба забон ғамхорӣ ба шаҳрванд аст

Забони модарӣ танҳо воситаи гуфтугӯ нест. Он ҳофизаи таърихӣ, тарзи тафаккур, ҷаҳони маънавӣ ва пайванди инсон бо гузаштагони худ аст. Маҳрум гардидани кӯдак аз имкони омӯзиши забони модарӣ метавонад робитаи ӯро бо фарҳанг ва мероси миллиаш заиф созад.

Аз ин рӯ, бунёди муассисаҳои таълимии ӯзбекӣ ва таъмини онҳо бо китобҳои дарсӣ ба забони модарӣ иқдоми одии маъмурӣ нест. Ин эътирофи амалии ҳуқуқи шаҳрванд ба ҳифзи забон ва фарҳанги миллати ӯзбек аст.

Фароҳам овардани чунин шароит ба рушди забон ва фарҳанги мардуми ӯзбек дар Тоҷикистон мусоидат мекунад. Он ҳамчунин ба фарзандони ӯзбекзабони кишвар имконият медиҳад, ки дар баробари омӯзиши амиқи забони модарӣ забони давлатии Тоҷикистонро хуб аз худ карда, ҳамчун шаҳрвандони ватандӯст ва соҳибмаърифат ба камол расанд.

Таҳсил ба забони модарӣ набояд монеи ҳамгироӣ бошад. Баръакс, инсон вақте забон ва фарҳанги худро хуб медонад, фарҳангу забони дигаронро низ бештар эҳтиром мекунад. Мактаби миллӣ бояд макони тарбияи инсони дорои ҷаҳонбинии васеъ, таҳаммулпазир ва содиқ ба Ватан бошад.

Ибтикори Тоҷикистон ва интизориҳои нек аз Ӯзбекистон

Муносибатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон дар солҳои охир ба марҳалаи сифатан нав ворид гардидаанд. Иродаи сиёсии роҳбарони ду давлат барои таҳкими дӯстӣ, ҳамсоягии нек ва шарикии стратегӣ имкониятҳои фаровон ба вуҷуд овардааст. Дарҳои баста боз шуданд, робитаҳо барқарор гардиданд ва ҳамкориҳои фарҳангию маърифатӣ густариш ёфтанд.

Дар чунин фазои созанда иқдоми нави Президенти Тоҷикистон метавонад намунаи хуби эҳтироми мутақобил ба забон ва фарҳанги шаҳрвандони ду кишвар гардад.

Дар Ӯзбекистон низ аҳолии зиёди тоҷикзабон зиндагӣ мекунанд. Забони тоҷикӣ барои онҳо забони хонаводагӣ, муҳити фарҳангӣ ва пайванди зинда бо мероси чандинҳазорсолаи адабию маънавӣ мебошад. Онҳо шаҳрвандони Ӯзбекистонанд ва дар пешрафти давлату ҷомеаи худ саҳм мегузоранд. Аз ин рӯ, табиист, ки ба омӯзиши босифати забони модарӣ, дастрасӣ ба китобҳои дарсӣ, тарбияи омӯзгорон ва ҳифзи муҳити фарҳангии худ ниёз доранд.

Ин масъала набояд ҳамчун мавзуи баҳс ё муқобилгузорӣ матраҳ гардад. Баръакс, он метавонад ба майдони нави ҳамкорӣ ва эътимод табдил ёбад. Ғамхорӣ ба мактабҳои ӯзбекӣ дар Тоҷикистон ва дастгирии мактабҳои тоҷикӣ дар Ӯзбекистон ду иқдоми ҳамсонанд, ки барои таҳкими дӯстии мардумон хизмат мекунанд.

Тоҷикистон бо дастури ахири Сарвари давлат иродаи худро дар ин самт ба таври равшан нишон дод. Акнун умед меравад, ки дӯстони ӯзбеки мо низ ин ташаббусро ҳамчун паёми нек ва намунаи шоистаи ҳамсоягӣ пазируфта, барои таҳкими таълими забони тоҷикӣ, ҳифзу афзоиши  мактабҳои тоҷикзабон, таъмини онҳо бо китобу маводи таълимӣ ва омода кардани омӯзгорони соҳибтахассус тадбирҳои бештар меандешанд.

Чунин муносибат даъват ба амали мутақобилан судманд ва идомаи ҳамон сиёсати дӯстонаест, ки роҳбарони ҳар ду давлат, президентҳои Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев бунёд гузоштаанд. Вақте Тоҷикистон барои забону фарҳанги шаҳрвандони ӯзбекзабони худ шароит фароҳам меорад, дастгирии ҳамсон аз ҷониби Ӯзбекистон нисбат ба шаҳрвандони тоҷикзабонаш нишонаи адолат, фарҳанги баланди давлатдорӣ ва эҳтиром ба дӯстии ду халқ хоҳад буд.

Барномаи муштараки мактаб ва китоб

Дастури Президенти Тоҷикистон метавонад заминаи таҳияи як барномаи фарогири ҳамкории Тоҷикистону Ӯзбекистон дар соҳаи маориф гардад. Дар доираи он метавон табодули китобҳои дарсӣ ва адабиёти бадеӣ, омода кардани омӯзгорон, ташкили курсҳои такмили ихтисос, вохӯриҳои муаллифони китобҳои дарсӣ ва ҳамкории муассисаҳои таълимиро роҳандозӣ намуд.

Ҳамчунин, таъсиси гурӯҳи муштараки кории соҳаи маориф барои омӯзиши эҳтиёҷоти мактабҳои ӯзбекӣ дар Тоҷикистон ва мактабҳои тоҷикӣ дар Ӯзбекистон ба манфиати ҳар ду ҷониб мебошад. Чунин гурӯҳ метавонад масъалаҳоро бидуни сиёсат, бо такя ба эҳтиёҷи воқеии хонандагон ва меъёрҳои педагогӣ баррасӣ намояд.

Ҳадаф набояд танҳо нигоҳ доштани номи мактаб бошад. Муҳим он аст, ки кӯдак воқеан ба забони модарӣ таълими босифат гирад, китобҳои нав дошта бошад, омӯзгораш аз усулҳои муосир истифода барад ва баъди хатми мактаб барои идомаи таҳсилу интихоби касб имконияти баробар пайдо кунад.

Мактаб сафири сулҳ аст

Дар ҷаҳоне, ки ихтилофҳои қавмию забонӣ баъзан ба омили нооромӣ табдил меёбанд, таҷрибаи эҳтиром ба гуногунрангӣ аҳаммияти бештар пайдо мекунад. Тоҷикистон, ки арзиши сулҳу ваҳдатро бо тамоми ҳастӣ дарк кардааст, таҳаммулпазирӣ ва ҳамзистии миллатҳоро яке аз пояҳои суботи худ медонад.

Дастури Президенти Тоҷикистон дар бораи бунёди мактабҳои ӯзбекӣ ва таъмини онҳо бо китобҳои дарсӣ ба забони модарӣ маҳз аз ҳамин ҷаҳонбинӣ сарчашма мегирад. Ин иқдом ба ҳар шаҳрванди ӯзбекзабони Тоҷикистон паём медиҳад, ки забон, фарҳанг ва ояндаи фарзандонаш барои давлат муҳим аст.

Ҳамзамон, ин ташаббус паёми дӯстона ба Ӯзбекистон низ ҳаст, ки ҳуқуқҳои тоҷикону ӯзбекҳоро ба забон ва маърифат дар ҳар ду ҷониби сарҳад бо ғамхории баробар ҳифз намоянд. Бигузор мактабҳои ӯзбекӣ дар Тоҷикистон ва мактабҳои тоҷикӣ дар Ӯзбекистон на танҳо марказҳои таълим, балки пулҳои устувори дӯстӣ гарданд.

Дӯстии давлатҳо аз санадҳои расмӣ оғоз мешавад, аммо дар қалби мардум тавассути забон, фарҳанг ва мактаб пойдор мегардад. Ҳар китобе, ки кӯдак ба забони модариаш мехонад, ҳар дарсе, ки эҳтироми миллатҳои дигарро меомӯзонад ва ҳар мактабе, ки дари худро ба рӯйи гуногунрангии фарҳангӣ боз мекунад, сармоягузорӣ ба сулҳ ва ояндаи муштарак аст.

Шариф ҲАМДАМПУР,

сармуҳаррири “Тоҷикистон”

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *