Эмомалӣ Раҳмон: Касби табиб пуршарафтарин ва масъулиятноктарин касбҳои ҷаҳон аст

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 18 август ба муносибати Рӯзи кормандони соҳаи тиб табибон ва кормандони соҳаи тандурустиро табрик гуфт.

Ӯ саҳми кормандони тибро дар ҳифзи саломатии ҷомеа муҳим арзёбӣ карда, таъкид намуд, ки аз табибон дар баробари дониши касбӣ, масъулиятшиносӣ, меҳрубонӣ ва муносибати хуб бо беморон низ талаб карда мешавад.

“Табиб шахсияти соҳибкасбест, ки тамоми донишу таҷриба ва неруи зеҳнии худро барои ҳифзи саломатии мардум ва таҳкими солимии ҷомеа бахшидааст. Аз ин рӯ, касби табиб пуршарафтарин ва масъулиятноктарин касбҳои ҷаҳон ба шумор меравад”, – омадааст дар паёми шодбошии Сарвари давлат.

Ба таъкиди Сарвари давлат, рушди тибби муосир зарурати такмили пайвастаи дониш ва истифодаи технологияҳои навро ба миён меорад.

Ҳамчунин, Президенти кишвар ба мероси илмии Абӯалӣ ибни Сино ишора карда, табибони тоҷикро ба идомаи анъанаҳои ӯ ва рушди илми тибби ватанӣ даъват намуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *