Қаламкаше, ки созандагиро таблиғ мекунад

Дар миёни ҷомеаи журналистии Тоҷикистон рӯзноманигори варзида Сайфиддин Суннатӣ на танҳо бо навиштаҳои худ, балки бо фурӯтаниву хислатҳои наҷиби инсонӣ маъруфият дорад. Сайфиддин Суннатӣ ба майдони журналистика аз солҳои 80 ворид шуда бошад ҳам, аммо дар навиштаву мақолаҳои баъд аз солҳои 90-ум ба ин тараф таҳлилу андешаҳои созанда, таклифу пешниҳодҳои ҷолибро метавон мушоҳида намуд. 

Бо мақолаҳои ҷолибу созандааш дар якчанд озмуни милливу байналмилалӣ иштирок намуда, соҳиби ҷойҳои аввал гардидааст. Аз ҷумла, барои мақолаи беҳтарин дар номинатсияи “Идоракунии устувори ҷангал”, мақолаи беҳтарин дар озмуни “СММ-Занон” («ООН-женщины») барои силсиламаводҳо дар мавзуи пешгирии зӯроварии хонаводагӣ ва таблиғи арзишҳои оилавӣ ба гирифтани ҷойи аввал мушарраф гаштааст.

Мақолаҳое, ки аз солҳои 90-ум то ин давра таҳия кардааст, бештар соҳаи иқтисодиёт, ҳифзи муҳити зист ва саломатиро дар бар мегиранд. Аз ҷумла, “Замин муҳтоҷи ёрист” (“Илм ва ҳаёт”), “Кишвари офтобӣ” – дар бораи Тоҷикистон ҳамчун бузургтарин манбаи энергияи тоза, “Офтоб хонаҳоро гарму чароғон мекунад”, “Битум. Чаро истеҳсоли худиро таҳким набахшем?”, “Тило” аз барги дарахту буттаҳо”, “Топинамбур захираи нави энергетикии Тоҷикистон. Ё чаро вақти ба роҳ мондани истеҳсоли биоэтанол расидааст?” (“Ҷумҳурият”), “Офтоб – энергияи тоза ва тамомнашаванда” ва ғ.

Қобили зикр аст, ки Суннатӣ Сайфиддин ҳанӯз солҳои 90-ум дар бораи электромобил, истифодаи нерӯи офтоб ва манфиати панелҳои офтобӣ дар саҳифаҳои нашрияи “Чархи гардун”, баъдан дар солҳои 2005-ум дар рӯзномаҳои “Ҷавонони Тоҷикистон” ва “Минбари халқ” мақолаҳои хонданбобу ҷолиб ба нашр расонида буд.

Хусусияти дигари фаъолияти ӯ дар он аст, ки танҳо ба навиштан қонеъ намешавад. Ӯ худ яке аз мубаллиғони фаъоли истифодаи таҷҳизоти офтобӣ буда, дар амал низ татбиқи ин ғояҳоро ҷонибдорӣ мекунад. Барои ӯ рӯзноманигорӣ танҳо касб нест, балки василаи тарғиби дониш, рушди ҷомеа ва ҳалли масъалаҳои муҳими кишвар мебошад.

Вақте Сайфиддин Суннатӣ дар бомпӯши манзили истиқоматиаш ба хотири раҳоӣ аз мушкилоти бебарқӣ панелҳои офтобиро насб намуд, аксар ҳамсояҳо бехабар ҳангоми бебарқӣ дар зимистон дар ҳайрат шуданд, ки барқ аз куҷо бошад? Ӯ ҳамеша дар ҷустуҷӯи дониш аст, шахси сермутолиа аст, менависад ва ба корҳои хайр машғул мешавад.

Баъди хондани мақолаҳо доир ба манфиати таҷҳизоти офтобӣ ва бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ шумораи хоҳишмандони панелҳои офтобӣ дар деҳа афзуд ва акнун мардум манфиати панелҳои офтобиро худ мушоҳида намуданд.

Сайфиддин Суннатӣ ҳамчун шахси ватандӯсту миллатдӯст бо донистани якчанд забонҳои хориҷӣ, аз ҷумла забонҳои урду, арабӣ, туркӣ, русӣ ва ӯзбекӣ дар таблиғу ташвиқи сулҳу дӯстӣ саҳми калон дорад. Айни замон ӯ вазифаи ҷамъиятӣ – роҳбарии Ҷамъияти дӯстии Тоҷикистон ва Покистонро низ бар дӯш дорад. Ҳамчун роҳбари Ҷамъияти дӯстии Тоҷикистон ва Покистон, Сайфиддин дар ташкили чорабиниҳои дипломатии фарҳангӣ ва таълимӣ, аз ҷумла ҷашни рӯзҳои шеъри миллӣ ва тақвияти робитаҳо байни донишгоҳҳои ду кишвар фаъолона иштирок мекунад. Дар таблиғи анъанаҳои неки тоҷикон миёни дигар халқиятҳо Суннатӣ С. низ ҳиссаи арзанда дорад.

18-уми августи соли 2026 Сайфиддин Суннатӣ ба синни мубораки 60 қадам мегузорад. Ин сана танҳо ҷашни зодрӯз нест, балки ҷашни фаъолияти пурмаҳсул, садоқат ба касб ва хизмати содиқона ба матбуоти миллӣ мебошад.

Шастсолагӣ барои чунин шахсият на нуқтаи ҷамъбаст, балки оғози марҳилаи нави эҷод аст. Имрӯз ҳам қалами ӯ мисли пештара серҳаракат буда, ба масъалаҳои муҳимтарини ҷомеа рӯ меорад ва хонандаро ба андешидан водор месозад.

Ба муносибати ин ҷашни фархунда ба устоди арҷманд Сайфиддин Суннатӣ пеш аз ҳама саломатии бардавом, умри дароз, илҳоми тоза ва қалами ҳамеша бурро таманно дорем.  

Ҷамолиддин ЯЪҚУБӢ,

номзади илмҳои филологӣ, устоди ДМТ

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *