Рӯзҳои фарҳанги ВМКБ, шаҳри Хоруғ, ноҳияҳои Ишкошим, Мурғоб, Роштқалъа ва Файзобод дар Душанбе

Рӯзҳои 22-23 август дар боғҳои фарҳангӣ – фароғатии пойтахт рӯзҳои фарҳанги Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, шаҳри Хоруғ, ноҳияҳои Ишкошим, Мурғоб, Роштқалъа ва Файзобод баргузор мегарданд.

Бино ба иттилои Вазорати фарҳанги Тоҷикистон, 22 август дар Боғи кӯдакон рӯзҳои фарҳанги ноҳияҳои  Ишкошиму Мурғоб, дар «Боғи Ирам» рӯзҳои фарҳанги шаҳри Хоруғ ва ноҳияи Роштқалъа баргузор мешаванд.

23 август дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ Рӯзи фарҳанги ноҳияи Файзобод ва дар «Боғи Ирам» Рӯзи фарҳанги Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон доир мегардад.

“Cокинон ва меҳмонони пойтахт метавонанд  дар ин рӯзҳои  бошукуҳи фарҳангӣ иштирок намуда, бо дастовардҳои шаҳру ноҳияҳои  гуногуни мамлакат дар даврони соҳибистиқлолӣ шинос шаванд”,-иттилоъ медиҳад манбаъ.

Рӯзҳои фарҳанги шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ аз 6 июн оғоз гардида,  то 23 августи соли равон ҳар ҳафта дар боғҳои фарҳангиву фароғатии шаҳри Душанбе баргузор мегарданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *