Аз 1 сентябр дар Душанбе нақлиёти ҷамъиятӣ 20% зиёд мешавад

Дар шаҳри Душанбе сар аз 1-уми сентябр шумораи нақлиёти ҷамъиятӣ – автобус, трелейбус ва микроавтобусҳо (маршруткаҳо) 360 адад ё 20% зиёд карда мешавад.

Дар ин бора Фирӯз Ғафурзода, роҳбари корхонаи “Душанбенақлиётхадамотрасон” иттилоъ додааст.
Ба қавли ӯ, ин тасмим ҳамасола дар арафаи соли нави хониш гирифта мешавад, чунки бо омадани донишомӯзону донишҷӯён теъдоди мусофирон зиёд мешавад.

Ҳоло дар хатсайрҳои пойтахт 90 автобус ва 6 микроавтобуси барқӣ фаъолият мекунанд. Мақомот нақша доранд, ки давра ба давра шумори нақлиёти барқӣ, аз ҷумла микроавтобусҳои барқиро то 40 адад зиёд кунанд.

Фирӯз Ғафурзода гуфт, ки айни замон 12,5 ҳазор кирокаш ё таксӣ аз 4 ширкат ба сокинони шаҳр хидмат мерасонанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *