Аз қаҳрамонии куштии ҷаҳон то пирӯзии Фаридун Одилов ва Ислом Махачев (видео)

Рӯзҳои 15 ва 16-уми август дар Душанбе дуюмин мусобиқаи қаҳрамони ҷаҳон оид ба гӯштигирӣ баргузор шуд. Дар ин мусобиқа 200 варзишгар аз 70 кишвари ҷаҳон иштирок карданд.

Дар маҷмуъ, варзишгарони Тоҷикистон 12 медал, аз ҷумла 5 тилло, 3 нуқра ва 4 биринҷӣ ба даст оварданд.

Муҳаммад Салимов, Абдуллои Ориф, Муҳаммадшариф Наҷмиддинов, Комроншоҳи Устопириён ва Ҳақназар Назаров дар вохӯриҳои ниҳоӣ бар ҳарифони худ дастболо шуда, унвони қаҳрамони ҷаҳонро соҳиб шуданд.

Маблағи умумии ҷоизавии мусобиқа 400 ҳазор долларро ташкил дод. Ба соҳибони медали тилло 20 ҳазор доллар, нуқра 10 ҳазор доллар ва биринҷӣ 5 ҳазор доллар тақдим гардид.

Ислом Махачев дар UFC 330 пирӯз шуд

Дар Филаделфияи ИМА мусобиқаи UFC 330 баргузор шуд. Дар яке аз рақобатҳои ҳассос Ислом Махачев бори аввал аз камарбанди худ дар вазни миёна ҳимоят кард.

Рақиби ӯ варзишгари ирландӣ Иэн Ҳэрри буд, ки дар феҳристи беҳтаринҳои ҷаҳон мақоми аввалро ишғол мекард. Махачев пас аз анҷоми рақобат бо қарори якдилонаи доварон пирӯз шуд.

Пирӯзии Фаридун Одилов ва ду варзишгари тоҷик дар ACA 206

Варзишгари тоҷик Фаридун Одилов, ки миёни ҳаводорон бо лақаби «Терминатор» машҳур аст, дар мусобиқаи ACA 206 бар намояндаи Қирғизистон Алтинбек Мамашов дастболо шуд. Доварон бо ҳисоби 29:28 пирӯзиро ба Одилов доданд.

Ҳамчунин, Осимхон Раҳмонов дар даври сеюм Томаш Дэк аз Словакияро бо нокаут мағлуб кард.

Меҳроҷ Мамадшоев бо қарори якдилонаи доварон бар Павел Витрук аз Русия ғалаба ба даст овард.

Ҳафиз Сакибеков, мутаассифона, бо нокаути техникӣ аз Висхан Қодиров, намояндаи Русия шикаст хӯрд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *