Садое, ки дар дилҳо монд (видео)

19 август  зодрӯзи Муборакшо Мирзошоев, яке аз чеҳраҳои мондагори мусиқии муосири тоҷик аст.

Муборакшо Мирзошоев соли 1961 дар ноҳияи Рӯшони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба дунё омадааст. Ӯро дар баробари Далер Назаров аз бунёдгузорони мусиқии навини тоҷик медонанд.

Фаъолияти ҳунарии Муборакшо соли 1988 дар ҳамкорӣ бо гурӯҳи Далер Назаров оғоз ёфтааст.

Муборакшо аз ҷумлаи ҳунармандоне буд, ки сурудро танҳо иҷро намекард, балки онро бо тамоми ҳастӣ эҳсос менамуд. Таронаҳои ӯ аз ишқ, дард, танҳоӣ, умед ва эҳсосоти инсонӣ қисса мекарданд. Маҳз ҳамин самимият ӯро ба яке аз маҳбубтарин овозхонони тоҷик табдил дод.

Дар солҳои душвори ҷанги шаҳрвандӣ ва муҳоҷирати ҳазорон тоҷик сурудҳои Муборакшо барои бисёриҳо ба садои ёди Ватан, муҳаббат ва ҳамдилӣ табдил ёфтанд.

Ӯ ҳамчунин дӯстдори футбол ва мухлиси дастаи машҳури «Помир» буд.

Муборакшо Мирзошоев умри кӯтоҳ, аммо роҳи ҳунарии пурбореро тай кард. Садо ва сурудҳои ӯ то имрӯз зиндаанд ва номи ӯ ҳамчун яке аз рамзҳои мусиқии муосири тоҷик дар хотираи мардум боқӣ мондааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *