Владимир Путин Тимур Зулфиқровро бо 90-солагӣ табрик кард

Президенти Русия Владимир Путин нависанда ва шоири русзабони тоҷик Тимур Зулфиқоровро ба муносибати 90-солагиаш табрик кардааст. Дар ин бора хабаргузори “ТАСС” хабар медиҳад.
 
Тимур Зулфиқоров 17 августи соли 2026 90-сола шуд. Паёми табрикии Владимир Путинро дар маросими бошукӯҳи ҷашни 90-солагии адиб сафири Русия дар Тоҷикистон Семён Григорев қироат кардааст.

Дар паёми табрикӣ Владимир Путин аз саҳми Тимур Зулфиқоров дар адабиёт ва муаррифии Тоҷикистон ёд карда, навиштааст, ки ӯ «нависанда, драматург, шоир ва маорифпарвари барҷаста, инсони дорои қалби бузург ва истеъдоди фаровон» мебошад.

Президенти Русия таъкид кардааст, ки Зулфиқоров тавассути эҷодиёти пурмаҳсули худ Тоҷикистонро машҳур намуда, дар густариши забон ва адабиёти русӣ дар ҷаҳон ва тарғиби арзишҳои гуманизми воқеӣ саҳми созанда гузоштааст.
«Шумо барои таҳкими дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмии байни халқҳо корҳои зиёде анҷом додаед», – омадааст дар паёми табрикӣ.

Владимир Путин ба адиби тоҷик саломатии бардавом, комёбиҳо ва беҳтарин орзуҳоро таманно кардааст.
Тимур Зулфиқоров соли 1936 дар шаҳри Душанбе ба дунё омада, Донишкадаи адабии ба номи Максим Горкийро хатм кардааст. Ӯ муаллифи беш аз 30 китоб буда, барандаи ҷоизаҳои адабии «Ясная Поляна» ва «Беҳтарин китоби сол» мебошад.

Зулфиқоров дар баробари фаъолияти адабӣ ба драматургия ва филмноманависӣ низ машғул шудааст. Бар асоси сенарияҳои ӯ беш аз даҳ филм ба навор гирифта шудааст, ки дар миёни онҳо «Человек уходит за птицами» ва «Черная курица» қарор доранд.

Соли 1991 барои беҳтарин сенария Тимур Зулфиқоров барандаи ҷоизаи «Хартли-Мерилл» гардид.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *