Боздошти Исомиддинов бо гумони кирдори бадахлоқона

Кормандони милитсия дар шаҳри Исфара ҳолати содир шудани ҷинояти хусусияти шаҳвонӣ бо истифода аз боварии диниро ошкор кардаанд.

Ба иттилои Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, гумонбар Исомиддинов С., соли таваллудаш 1981, сокини Конибодом буда, муваққатан дар Исфара зиндагӣ мекард.

Ӯ қаблан низ бо қисми 4-и моддаи 247-и Кодекси ҷиноятӣ суд шудааст.

Тибқи маълумоти мақомот, гумонбар бо баҳонаи дуохонӣ нисбат ба заноне, ки барои кӯмак ба ӯ муроҷиат мекарданд, ҳаракатҳои бадахлоқона анҷом медодааст.

Гуфта мешавад, ки 13 август ӯ ба хонаи як сокини Исфара барои дуохонӣ рафта, ҳангоми анҷоми он аз боварии динии зан истифода бурдааст.


Нисбат ба Исомиддинов бо моддаи 141 иловаи 1-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, тафтишот идома дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *