Акси президент дар пулҳои нав

Акси президенти Сурия Башор Асад бори аввал дар эскиноси 2000 лир (муодили тақрибан 3,9 доллари ИМА) нақш ёфт. Ин пул 2 июл муаррифӣ шуд. Раиси бонки миллии Сурия Дурайд Дургам гуфт, пули 2000 лира як сол пеш нашр шуда буд, аммо «аз сабаби низоъҳои мусаллаҳона ва пасту баландшавии қурби асъор» ба муомилот надаромад.

Қаблан дар пулҳои миллии Сурия маконҳои таърихӣ ва сурати падари Башор Асад, роҳбари пешини Сурия Ҳофиз Асад, ки соли 2000-ум вафот кард, нашр шуда буд.

Пули миллии Сурия дар шаш соли ҷанги шаҳрвандӣ ба таври бесобиқа беқурб шуд. То нашри пули нав калонтарин пули миллии Сурия 1000 лира буд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *