«Рахш»-и Анушервони Рустам — ғолиби пойгаи Душанбе

Дар мусобиқаи пойгаи аспдавонӣ, ки рӯзи шанбеи гузашта дар муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳ» баргузор гардид, саманд бо номи «Рахш»аввалин шуда ба марра расид.

Ин асп ба шаҳрванд Анушервони Рустам тааллуқ дошта, байни 50 сар  зотҳои англисию тоҷикии хоҷагиҳои асппарварӣ ва ашхоси алоҳида ғолиб эътироф гардид.

Пойга дар масофаҳои 1200 метр, 1600 метр  ва 2000 метр доир шуд. «Рахш» пойгаи финалиро ба  масофаи 2000 метр дар зарфи 2 дақиқаю 2 сония тай намуд, ки натиҷаи беҳтарини пойгаи идона ба шумор меравад. Соҳиби «Рахш» бо ҷоизаи асосии мусобиқа – мошини сабукрав мукофотонида шуд.

Пойгаи мазкурро Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Кумитаи ҷавонон ва варзиш  ба 20-солагии Ваҳдати миллӣ ва Соли ҷавонон бахшиданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *