Қаллобиҳо ошкор мешаванд

Ба ШВКД дар ноҳияи Деваштич бо ариза зани 39-солаи сокини ҷамоати деҳоти Яхтанди ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки рӯзи 4-уми декабри соли 2017, зани 40-солаи сокини деҳаи Хуҷаи ноҳияи Деваштич бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 175 000 сомонӣ гирифта, то ҳол барнагардонидааст.

Ба ШВКД дар шаҳри Хуҷанд марди 30-солаи сокини ноҳияи Истравшан бо ариза дар он хусус муроҷиат намудааст, ки рӯзи 4-уми феврали соли 2015 марди 30-солаи сокини кӯчаи Тошхоҷа Асирии шаҳри Хуҷанд бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 15 тонна равғани пахта, ба маблағи умумии 18 000 доллари амрикооиро гирифта, то ҳол барнагардонидааст.
Ҳамчунин ба ШВКД дар шаҳри Хуҷанд аризаи марди 58-солаи сокини ноҳияи Б.Ғафуров ворид гардидааст, ки аз соли 2010 то охири соли 2014 марди 29-солаи сокини шаҳри Хуҷанд бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 65 600 доллари амрикоӣ гирифта, маблағашро то ҳол барнагардонидааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *