Қорӣ Анвар дар 27 Рамазон вафот кард

Сархатиби шаҳри Тошканд Қорӣ Анвар Турсунов субҳи 13 июн аз олам даргузашт. Ин хабарро дар Идораи мусулмонони Узбекистон низ тасдиқ карданд.

Бино ба хабарҳо, ҷанозаи Қорӣ Анвар Турсунов имрӯз, 13 июн баъд аз намози аср дар масҷиди ҷомеи «Манор»-и Тошканд баргузор хоҳад шуд.

«Мусулмонони мо имрӯз талафоти бузург диданду мусибати вазнин доранд. Устоди муҳтарами мо, ки ҳатто дар берун аз кишвар маъруфанд, моро тарк карданд. Раҳбарият, уламо, имом-хатибон ва мударрисони Идораи мусулмонони Узбекистон ба наздикону пайвандони марҳум ҳамдардӣ баён мекунанд», — омадааст дар иттилоияи идора.

Қорӣ Анвар Турсунови 60-сола 5 апрел дар Беморхонаи ҷумҳуриявии «Ёрии таъҷилӣ»-и Узбекистон ҷарроҳӣ шуд. Ӯ аз он замон ба ин сӯ дар ҳолати вазнин — беҳушӣ қарор дошт.

Рӯзҳои 4 ва 8 июн дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабар доданд, ки Турсунов даргузашт. Вале Идораи мусулмонони Узбекистон ин хабарро рад кард.

Қорӣ Анвар Турсунов яке аз руҳониёни маъруфи Узбекистон аст. Соли 2009 ба ҷони ӯ сӯиқасд шуда буд. Шаби 31 июли ҳамон сол се шахси ношинос Турсуновро дар назди хонааш 9 корд заданд. Бо гумони сӯиқасд ба ҷони руҳонӣ ҳудуди 70 кас боздошт, вале ин парванда пушти дарҳои баста баррасӣ шуд.

Турсунов аз соли 1999 сархатиби Тошканд буд. Солҳои 1989-1992 ӯ матни баргардони китоби Қуръон бо забони узбекиро, ки шайх Аловуддин Мансур анҷом дода буд, таҳрир кардааст.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *