Асозода Дилшод

Асозода Дилшод: Норак обод мешавад

Баробари амалӣ гаштани ҳадафи саноатикунонии мамлакат дар шаҳри Норак корҳои ободонию созандагиҳо дар авҷанд. Дар ин бора раиси шаҳр Асозода Дилшод иттилоъ дод.

Фақат дар соли гузашта ба андозаи қариб 60 миллион сомонӣ корҳои сохтмонию васлкунӣ ба анҷом рсонида шуд. Бояд гуфт, ки дар ин раванд саҳму фаъолияти соҳибкорон назаррас аст. Онҳо 36 адад иншоотро сохта мавриди истифода қарор додаанд. Чунончи, соҳибкорон Муҳиддин Табаров, Ҷамшед Раҳимов бинои ду меҳмонхона, бинои истиқоматии шашошёна, пули мошингузарро дар маҳаллаи Даҳана сохтаанд.

Имрўз бошад, таҷдиду азнавсозӣ, корҳои сохтмонии боғи фарҳангию фароғатӣ, терминали хизматрасонӣ, бозори нав, варзишгоҳи марказӣ дорои даҳ ҳазор ҷой, 6 бинои чорошёна, кинотеатр, 2 бинои ҳафтошёна, биноҳҳои нуҳошёна, дувоздаҳошёна, нуқтаи хизматрасонии савдо, маишӣ, тандурустӣ, томактабӣ идома дорад.

Мушаххастар гӯем, то соли 2026-ум 180 иншооти ҷашнӣ мавриди истифода қарор хоҳанд гирифт.

Намуди зебои шаҳри нур — энергетикҳои кишвар натанҳо моҳ ба моҳу сол ба сол, балки соат ба соату рўз то рўз зеботару қашангтар шуда истодааст.

Нурулло ҲАСАНОВ

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *