Аз ҳуруфчин то сардори САҲШ-и Хатлон. Бунафша Раҳимзода кист?

Баъд аз гузашти чанд рӯз курсии Зиннатгул Сафарзода соҳибашро ёфт. Ба курсии сардори шуъбаи Раёсати асноди ҳолати шаҳрвандии Вазорати адлияи Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Бунафша Раҳимзода такя задааст.

Бунафша Раҳимзода то таъйин шудан ба ин мансаб мудирии Сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ноҳияи Вахшро ба зимма доштааст.

Зиннатгул Сафарзода, ки чандин сол сардори Раёсати асноди ҳолати шаҳрвандии вилояти Хатлон буд, акнун мудирии бахши САҲШ-и шаҳри Ҳисорро ба уҳда дорад.

Раҳимзода Бунафша Насриддин 5-уми майи соли 1984 дар ноҳияи Темурмалики вилояти Хатлон таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, оиладор ва соҳиби ду фарзанд мебошад. Ӯ соли 2006 Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусравро бо ихтисоси ҳуқуқшинос-омӯзгор ва соли 2018 Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро бо ихтисоси ҳуқуқшинос хатм кардааст. Номбурда солҳои 2005-2006 ҳамчун ҳуруфчини идораи нотариалии давлатии шаҳри Сарбанд (ҳозира Левакант), 2006-2007 сармутахассиси шуъбаи кор бо ҷавонони шаҳри Қӯрғонтеппа (ҳозира Бохтар), 2007-2008 мутахассиси бахши оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ-фарҳангӣ, алоқаи ташкилоти ҷамъиятию сиёсӣ, муносибати байни миллатҳо ва дини дастгоҳи раиси шаҳри Қӯрғонтеппа (ҳозира Бохтар), 2008-2011 мутахасисони шуъбаи оид ба баргардонидани қарзи Амонатбонки шаҳри Қӯрғонтеппа, 2013-2016 мутахассис-коргузори Шуъбаи Раёсати асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар вилояти Хатлон, 2016-2017 сармутахассиси Шуъбаи Раёсати асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар вилояти Хатлон, 2017 мутахассиси пешбари бахши сабти ҳолати шаҳрвандии шаҳри Кӯлоб, 2017-2018 иҷрокунандаи уҳдадориҳои мансабии бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳри Сарбанд (ҳозира Левакант) ва аз соли 2018 то таъйин шуданаш ба мансаби сардори Шуъбаи Раёсати асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар вилояти Хатлон дар вазифаи мудири бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ноҳияи Вахши вилояти Хатлон фаъолият кардааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *