Аз муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Русия 30 сол пур шуд

Ҷараёни иҷрои барномаи  чорабиниҳои фарҳангӣ  бахшида ба таҷлили 30-юмин солгарди истиқрори муносибатҳои дипломатии Тоҷикистон ва Русия дар мулоқоти Сафири Тоҷикистон дар Русия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода бо Намояндаи махсуси Президенти ФР оид ба ҳамкории байналмилалии фарҳангӣ Михаил Швидкой баррасӣ гардидааст.

Тавре ки Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, Давдатшоҳ Гулмаҳмадзода бо қаноатмандӣ аз  пешрафти равобити ду кишвар дар соҳаи фарҳанг изҳори умедворӣ кард, ки ҳамкории  фарҳангӣ дар бахши санъати касбии театрӣ, мусиқӣ ва бадеӣ, инчунин ташкили намоишгоҳҳои осори санъати муосир, табодули академӣ миёни муассисаҳои таълимӣ ва муштарак, омода намудани кадрҳои касбӣ минбаъд низ густариш хоҳад ёфт.

М. Швидкой таъриху анъанаҳои ғанӣ, инчунин аҳамияти бузурги ҳамкории Тоҷикистон ва Русияро дар арсаи фарҳангӣ ҳам дар сатҳи дуҷониба ва ҳам дар чаҳорчӯби лоиҳаҳои бисёрҷониба зикр намуд.

Дар ин замина бо тамаркуз ба ҳамкории гуногунҷанбаи фарҳангиву башардӯстонаи ду кишвар дар чаҳорчӯби Хазинаи байнидавлатии ҳамкории башардӯстонаи кишварҳои узви ИДМ маҷмӯи чорабиниҳои фарҳангиро, ки соли 2022 дар қаламрави Тоҷикистон ба нақша гирифта шудаанд, хотиррасон кард.

Ёдовар мешавем, ки муносибатҳои дипломатӣ байни Тоҷикистон ва Русия 8 апрели 1992 барқарор шудаанд. Русия яке аз аввалинҳо шуда  Истиқлоли давлатии Тоҷикистонро эътироф намудааст.

4 майи 1992 дар Душанбе Сафорати Русия ифтитоҳ гардидааст. 8 июни 1993 Намояндагии доимии Тоҷикистон дар Москва ба Намояндагии доимии Тоҷикистон дар Русия табдил шуда, 18 декабри 1993 дар асоси ин Намояндагӣ Сафорати  Тоҷикистон дар Русия ифтитоҳ ёфтааст.

Айни замон, дар шаҳрҳои Москва, Санкт Петербург, Екатеринбург, Уфа ва Новосибирск Консулгариҳои генералии  Тоҷикистон фаъолият доранд. Дар шаҳри Хуҷанд Консулгарии генералии Русия фаъолият мекунад.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.