Баргузории маросими видоъ бо Алии Хоманаӣ ба таъхир афтод
Маросими видоъ бо Алии Хоманаӣ, раҳбари олии Эрон, ки қарор буд аз шаби 4 март оғоз шавад, ба вақти дигар гузошта шудааст.
Ба навиштаи расонаҳои Эрон, сабаби ба таъхир гузоштани ин маросим «пешбинии ҳузури миллионии мардум ва зарурати фароҳамсозии зерсохторҳои лозима барои баргузории барнома» гуфта мешавад. Замон ва макони нави баргузории маросим то ҳол эълон нашудааст.
Қаблан расонаҳо хабар дода буданд, ки маросими видоъ аз соати 22:00 ба вақти маҳаллӣ дар мусаллои Имом Ҳумайнӣ оғоз шуда, се рӯз идома хоҳад кард.
Ёдовар мешавем, ки Алии Хоманаӣ, раҳбари олии Эрон рӯзи 28 феврал дар ҳамлаи Исроил ва Амрико ба Теҳрон кушта шуд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ