Баррасӣ дурнамои ҳамкорӣ дар соҳаи алоқаи барқӣ миёни Тоҷикистон ва Эрон

Аз 17 то 28- уми ноябр дар шаҳри Бокуи Ҷумҳурии Озарбойҷон Конфроси ҷаҳонӣ оид ба рушди алоқаи барқӣ (WTDC-2025) дар ҳоли баргузор мебошад, ки дар он ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок доранд.

Ба гузориши Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи вохӯрӣ сардори Хадмоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Исфандиёри Саъдулло бо Вазири техналогияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионии Ҷумҳурии Исломии Эрон Саид Саттор Ҳошимӣ мулоқот анҷом доданд.  зимни вохӯрӣ тарафҳо масъалаҳои роуминги байналмилалӣ воридоти трафики интернет аз Эрон, мубодилаи таҷриба дар соҳаи амнияти киберӣ ва омода намудани кадрҳои соҳавиро баррасӣ карданд.

Ёдовар мешавем, ки Конфроси ҷаҳонӣ оид ба рушди алоқаи барқӣ (WTDC-2025) мақоми олии Иттиҳоди байналмилалии алоқаи барқӣ (ITU) буда ба масъалаҳои рушди алоқаи барқӣ равона карда шудааст. Ва дар ин конфронс нақшаи стратегияии рушди алоқаи барқии Иттиҳоди байналмилалии алоқа барои давраи чор соли оянда пешбини гардида, афзалияти соҳа муайян карда мешавад.  

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *