Тақдими Тӯҳфаи Пешвои миллат ба сокинони шаҳри Бохтар

Дар шаҳри Бохтар тақсими китоби Шоҳномаи Абдулқосим Фирдавсӣ шуруъ шудааст. Барои 28 ҳазору 167 хонавода беш аз 56 ҳазору 330 ҳазор китоб тӯҳфа карда мешавад.
Тӯҳфаи Роҳбарияти олии кишвар, “Шоҳнома”-ро Абдулмаҷид Муминзод, шаҳрдори Бохтар ва намояндаи ҳукумати мамлакат ба сокинон тақдим карданд.

Абдулмаҷид Муминзод дар суҳбат бо сокинон таъкид кардааст, ки ин иқдом нишонаи ғамхории ҳамешагии Пешвои миллат нисбат ба ҳар як сокини кишвар аст ва ҳадаф аз он баланд бардоштани сатҳи маърифат, тарғиби мутолиаи китоб ва арҷгузорӣ ба мероси фарҳангии ниёгон мебошад. Тақдими “Шоҳнома”-и безаволӣ Абдулқосим Фирдавсӣ дар бештар гардидани муҳаббат ба китоб, қадршиносии фарҳанги миллӣ ва густариши худшиносии миллӣ нақши муҳим мебозанд, – афзудааст вай.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *