Барқи чанд кӯчаи ноҳияи Фирдавсӣ хомӯш мешавад
Ба иттилои “Шабакаҳои тақсимоти барқ”, имрӯз 15-уми январ аз соати 08:00 то 17:00 барқи чанд кӯчаи пойтахт хомӯш мешавад.
Ба гуфтаи масъулин, интиқоли барқ дар кӯчаҳои Қаҳҳоров, Мумзин, Рустам Амакӣ, Гравзавод ва Гулбутта-4-и ноҳияи Фирдавсии пойтахт қатъ мегардад.
Далели хомӯш кардани барқро ба корҳои таъмир дар зеристгоҳҳо марбут донистаанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ