Хатлон: Нигаронӣ аз бемасъулиятӣ ва вазъи партов

Дар вилояти Хатлон давоми даҳ моҳи соли ҷорӣ 399 нафар барои бемасъулиятӣ ва партофтани партов дар ҷойҳои номуайян ҷарима карда шудаанд. Дар миёни ҷаримашудаҳо кормандони идораҳои коммуналӣ ва раисони кумитаҳои маҳалла низ ҳастанд.

Амирхон Тураев, сардори шуъбаи партовҳои Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Хатлон дар суҳбат бо Pressa.tj гуфт, ки вазъи партов дар вилояти Хатлон ҳанӯз ташвишовар аст. Ӯ мегӯяд, ки аксари техникаи хоҷагиҳои манзилию коммуналии шаҳру ноҳияҳо куҳна ва фарсудаанд.

— Якхелаш дар ҷойҳои номуайян ва аҳолинишин партов мерезад. Ё партовро оташ мезананд ва таги хок мекунанд. Корҳои фаҳмондадиҳиро зиёд кардан даркор. Бо аҳолӣ ва хонандагони муассисаҳои таълимӣ дар ин масъала зиёд вохурӣ кардан лозим аст,- мегӯяд ӯ.

Амирхон Тураев афзуд, ки давоми соли равон 399 нафар шахсони масъул барои бетаваҷҷуҳӣ ва сокинон барои партофтани партов дар ҷойҳои номуайян 86 ҳазору 180 сомонӣ ҷарима шудаанд.

Машраби АЛОВИДДИН

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *