налог

Беш аз 2 миллиону 250 ҳазор бақияи қарзи андоз дар Левакант

Феълан дар шаҳри Левакант бақияи қарзи андоз беш аз 2 миллиону 250 ҳазор сомонӣ аст. Ин ҳам дар ҳолест, ки ин қарз то аввали сол наздики 2 миллиону 282 ҳазор сомонӣ будааст.

Зуҳур Оқилов — сардори нозироти андоз дар шаҳри Левакант ба Pressa.tj гуфт, ки барои кам кардани бақияи қарзи андоз гурӯҳи корӣ ташкил шуд ва бо тадбирандешии масъулин қарз андаке кам шуд. Ӯ мегӯяд, ки дар оянда боз ҳам барои пешгирӣ аз зиёдшавӣ ва ситонидани бақияи қарзи андоз чораандешӣ карда мешавад.

Ба таъкиди вай, давоми сол ба Раёсати андоз дар вилояти Хатлон барои баррасӣ маводи 14 андозсупорандаи қарздор пешниҳод шудааст. “Нисбати 11 андозсупоранда қарор қабул шудааст, ки  иҷроиши он 168 ҳазор сомониро ташкил кард»,- гуфт ӯ.

Шаҳри Леваканти вилояти Хатлонро дар гузашта шаҳри саноатӣ мегуфтанд. Имрӯз ҳам дар шаҳри мавриди назар шумораи корхонаҳои истеҳсоливу саноатӣ кам нест. Левакант дар баробари шаҳрҳои Бохтар, Норак ва ноҳияҳои Данғараву Ёвон ҳамасола ба буҷети вилояти Хатлон маблағи муайян ҳисаҷудокунӣ мекунад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *