Беш аз 3 миллион сомонӣ зарари сӯхтори бозор дар Бохтар (аудио)

Санҷиши гуруҳи муфаттишони ташкилшуда муайян намуд, ки сабаби сар задани сӯхтор дар ҶДММ “Фаровон Қӯрғонтеппа” суст будани пайвасти ноқилҳои барқӣ ва кабелҳои барқӣ дар дохили ошхонаи хусусии “Ганҷина-3” мебошад. Ин гуруҳ зарар аз сӯхторро 3 миллиону 200 ҳазор сомонӣ муайян кардаанд.

Бегиҷони Валӣ, сардори қисми мустақили 21-уми ҳарбикунонидашудаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ дар шаҳри Бохтар дар суҳбат бо Pressa.tj гуфт, ки ҳолати сар задани сӯхтор дар дурбинаҳои назоратӣ сабт шудааст. “Чӣ гуна оташ гирифтани ноқил ва кабелҳои барқӣ ва ба дигар қисмати бозор паҳн шудани оташ дар камераҳо ҳаст”,- афзуд вай.

Ёдовар мешавем, ки шаби 1-уми июни соли равон дар ҶДММ “Фаровон-Қӯрғонтеппа” сӯхтор сар зад, ки дар натиҷаи он зиёда аз 1200 метри мураббаъ мағозаву раста ва соябонҳо ба коми оташ рафта, ба соҳибкорон ва маъмурияти бозор хисороти зиёд овард. Дар ин сӯхтор як нафар ҷароҳат бардошт, ки баъдан дар беморхона ба ҳалокат расид.

Бегиҷони Валӣ мегӯяд, ки ҳоло гуруҳи корӣ ба таври зарурӣ фаъолият дорад: “Ҳоло зарари сӯхтор 3 миллиону 200 ҳазор муайян шуд. Вале ситод фаъолият дорад. Зарари сӯхтор боз дақиқтар карда мешавад”.

Барои хомӯш кардани оташ 148 нафар ҳайати шахсии Хадамоти давлатии оташнишонӣ бо истифода аз 28 адад нақлиёти оташнишонӣ, инчунин хадамоту мақомоти ҳамоҳангсозӣ, Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон ва ҷузъу томҳои он сафарбар карда шуда буданд.

Дар ситоди мазкур Саломзода Сиҷоуддин, раиси шаҳри Бохтар, Вализода Қурбон, роҳбари ситоди шаҳрӣ, Шерхонзода Ҳайдар, роҳбари бозори ҶДММ “Фаровон-Қӯрғонтеппа”, Бегиҷони Валӣ, сардори қисми мустақили 21-уми ҳарбикунонидашудаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ оид ба муҳофизати шаҳри Бохтар ва дигар шахсони расмӣ иштирок доштанд.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.