Бо кумаки шаҳрдори Душанбе мушкили ноҳияи Носири Хусрав бартараф шуд

Бо ташаббуси Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори шаҳри Душанбе ба ноҳияи Носири Хусрав се техника дода шудааст. Феълан як автобус дар ихтиёри хонандагону омӯзгорон ва ду техникаи дигар дар мувозинати шабакаи барқу идораи коммуналӣ қарор доранд.

Алишер Раҳмонов, роҳбари дастгоҳи раиси ноҳияи Носири Хусрав дар суҳбат бо Pressa.tj гуфт, ки “аввалҳои ноябр се нақлиёт ҳамчун кумаки раиси шаҳри Душанбе ба ноҳия ворид карда шуд. Як тенхиника ба ихтиёри шабакаи барқ, як техника ба хоҷагии манзиливу коммуналӣ ва як автобус ба шуъбаи маориф дода шуд”.

— Пеш аз овардани автобус кӯдакон то муассисаи таълимии рақами 26 панҷ километр роҳро пиёда мерафтанд. Ҳоло бо истифода аз техника ҳам кӯдакон ва ҳам омӯзгорон ба мактаб мераванд. Бо кумаки раиси шаҳри Душанбе мушкили асосии хонандагону омӯзгорони муассисаи таълимии рақами 26 бартараф карда шуд,- афзуд ӯ.

Маҳмадаюб Шарифзода, раиси ноҳияи Носири Хусрав ҳанӯз моҳи августи соли 2022 дар нишасти матбуотӣ гуфта буд, ки “барои аз деҳаҳои атрофи маркази ноҳия бурда ба мактаб расонидани хонандагону омӯзгорони муассисаи таълимии рақами 26 аз шаҳрдори Душанбе автобус дархост кардаем”. Ӯ афзуда буд, ки “ин дархост дастгирӣ ёфта ва умед аст, ки дар наздиктарин фурсат амалӣ мешавад”.

— Мо бо мактуб ба муҳтарам Рустами Эмомалӣ, раиси шаҳри Душанбе муроҷиат кардем. Дастгирӣ ёфтааст. Ба мо хабар расид, ки аллакай ҳамаи ҳуҷҷатҳо ҷо ба ҷо шудаанд ва автобусро рафта овардан даркор. Мо нақша доштем, ки аз деҳаи Муродтеппа то Чилучорчашма як хатсайр ташкил кунем, то мардум дар фасли зимистону гармо мушкил надошта бошанд,- гуфта буд вай.

Дафтари матбуотии шаҳрдори Душанбе аз расидани кумак ба шаҳру ноҳияҳои Исфара, Панҷакент, Роғун, Нуробод, Рашт, Варзоб, Файзобод, Абдураҳмони Ҷомӣ, Носири Хусрав, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ хабар дода буд. Дар хабарнома гуфта шудааст, ки “тибқи қарорҳои дахлдори раиси шаҳри Душанбе, бо назардошти расидани фасли сармо 37 адад воситаи нақлиёти мусофирбар, боркашонӣ ва техникаи коммуналӣ ҳамчун кумаки раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба чанде аз шаҳру ноҳияҳои кишвар расонида шуданд”.

Машраби АЛОВИДДИН

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.