Кифоят Ҳилолӣ: Тоҷикистонро дӯст доштам!

“Ман бори аввал ба Тоҷикистон омадам, вале кишвари шуморо дӯст доштам. Дар Душанбе эҳсоси бегонагӣ намекунам, мисле ки дар ватани худам бошам”,- мегӯяд хонум Кифоят Ҳилолии эронӣ, ки беш аз 20 соли охир дар Дубай иқомат мекунад.

Ин хонуми эронӣ бо шавҳараш Маҳмуд Ризо меҳмони ҳафтаномаи “Тоҷикистон” буд. Номбурда оғози соли равон дар озмуни “Шеъри Наврӯз”-и ютубканали Рressa.tj ширкат намуда, ҷойи ифтихориро соҳиб гардид.

— Ман аз озмуни “Шеъри Наврӯз” тариқи шабакаи “Ютуб” огаҳӣ ёфтам ва як шеъри худро қироат карда, ба унвони сомонаи Рressa.tj ирсол намудам. Хушбахтона, шеъри ман хуш истиқбол шуд,- гуфт номбурда.

Зимни ташрифи хонум Кифоят Ҳилолӣ ба идораи ҳафтаномаи “Тоҷикистон” ба ӯ диплом ва нишони озмуни “Шеъри Наврӯз” ва сипосномаи ҳафтаномаи “Тоҷикистон” супорида шуд.

Хонум Кифоят Ҳилолӣ дар суҳбат ба Рressa.tj гуфт: “Ман аз ҷавонӣ шеър мегӯям, вале ҳеҷ вақт ҷиддӣ ба ин кор машғул нашудаам. Пас аз қадрдонии ҳафтаномаи “Тоҷикистон” кӯшиш мекунам, ки бештар ба шеър машғул бишавам ва китоби ашъорамро ба нашр расонам”.

Кифоят Ҳилолӣ мегӯяд, ки Тоҷикистонро барои сайру саёҳат макони мувофиқ дарёфт: “Тоҷикистон барои саёҳат беҳтарин макон аст. Нақша дорем, ки дар ҷашни Наврӯз бо фарзандонамон ба Тоҷикистон биёем ва аз шаҳру навоҳӣ ва ҷойҳои таърихии кишвари шумо дидан кунем”.

Феълан Кифоят Ҳилолӣ бо шавҳараш Маҳмуд Ризо ва ду фарзандаш муқими Дубай аст ва ба тиҷорат машғул мебошад.   

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *