налог

Бохтар: Нақша иҷро шуд, вале бақияи қарз пурра ҷамъоварӣ нашуд

Дар соли 2022 нақшаи иҷроиши андоз дар шаҳри Бохтар 102 дарсад таъмин карда шуд. Аммо бақияи қарзи андоз ҳанӯз пурра ҷамъоварӣ нашудааст.

Аз Нозироти андоз дар шаҳри Бохтар ба Pressa.tj гуфтанд, ки дар соли 2022 аз ҷамъи умумии бақияи қарзи андоз бештар аз 80 ҳазор сомонӣ кам карда шуд. Ба иттилои расида, ҳанӯз бақияи қарзи андоз бештар аз 7 миллиону 620 ҳазор сомонӣ аст.

— Соли 2022 нақшаи ҷамъоварии андоз дар шаҳри Бохтар 102 дарсад таъмин шуд, ки ба буҷет 5 миллион сомонӣ бештар ворид шудааст. Нақша 253 миллион сомонӣ буд. Аз ҳисоби 2 дарсад зиёд иҷро шудани нақша ба буҷет 5 миллион сомонӣ зиёд ворид шудааст,- афзуд манбаъ.

Аз Нозироти андоз дар шаҳри Бохтар гуфтанд, ки имсол нақшаи ҷамъоварии андоз бо назардошти андози иҷтимоӣ тахминан 30 миллион сомонӣ зиёд карда шудааст.

Машраби АЛОВИДДИН

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *