Бонки Рушди Осиё ва Бонки Исломии Рушд дар Кӯшониён мактаб месозанд

Феълан дар ноҳияи Кӯшониён сохтмони 24 синфхонаи иловагӣ бомаром идома дорад. Ҳамчунин, бо маблағгузории Бонки Рушди Осиё ва Бонки Исломии Рушд бунёди ду муассисаи таълимии дигар рафта истодааст.

Яров Мирзосаид, иҷрокунандаи вазифаи мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Кӯшониён дар суҳбат бо Pressa.tj гуфт, ки ба хотири боз ҳам беҳтар кардани шароити таълим, таваҷҷуҳ ба сохтмони муассисаҳои таълимӣ ва синфхонаҳои иловагӣ бештар шудааст. Ӯ мегӯяд, дар ду деҳаи алоҳидае, ки роҳ ба мактаб дур аст, сохтмони филиалҳои муассисаи таълимии рақами 38 ва 16 қариб ба охир расидааст.

“Сохтмони муассисаи таълимии рақами 60 барои 240 хонанда дар як баст ва бунёди муассисаи таълимии рақами 70 барои 240 хонанда дар як баст идома дорад. Бо қарори қукумати кашвар дар ҷамоати шаҳраки Бунтонқалъа 1,5 га замин ҷудо шудааст, ки охтмони муассисаи таълимӣ барои 244 хонанда дар як баст бо маблағгузории Бонки Рушди Осиё оғоз хоҳад шуд”,- афзуд ӯ.

Яров Мирзосаид мегӯяд, ки боз бунёди чанд синфхонаи иловагии дигар дар нақша аст: “Муассисаи таълимии рақами 60 аллакай пурра сохта шудааст ва моҳи сентябри соли 2022 ба истифода дода мешавад. Ҳоло бо ҳисаи мақомоти маҳаллӣ бояд 500 ҷуфт мизу курсӣ барои синфхонаҳо ва муассисаҳои таълмии навбунёд харидорӣ кунем. Боқимонда аз ҳисоби Вазорати маориф ва илми мамлакат дастрас карда хоҳанд шуд. Роҳ кӯтоҳ мешавад”.

Машраби АЛОВИДДИН

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.